Маҳфили навбатии гарму пурмуҳтавои «Чароғи дил» дар шаҳри Чирчиқ бо ташаббуси Маркази маданияти тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» баргузор гардид, ки дар он алифбои ниёгон – хатте, ки гузаштагони мо садсолаҳо илму адаб, таърих ва фарҳанги худро бо он омӯхтаву сабт кардаанд, мавриди баррасӣ ва арҷгузорӣ қарор гирифт.
Озмун бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ сурат гирифт. Мақсад аз он дар дили толибилмон эҳё кардани шавқу завқ нисбати хатти аҷдодӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз осоре буд, ки бо ин ҳуруф сабт шудаанд.
Дар озмун донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба пурсишҳое, ки аз тарафи устодон омода карда шудаанд, посух дода, байни ҳам талош варзиданд.
Ҷавобҳои онҳо аз ҷониби устодони соҳибтаҷриба баҳогузорӣ гардид. Ҳакамот ба дониш, забондонӣ ва тозагии баёни толибилмон диққати хоса доданд.
Ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон, китобҳои бадеии назмиву насрӣ қадрдонӣ шуданд. Вале муҳимтар он буд, ки ҳар як иштирокдор бо худ бурд – яъне эҳсоси пайванди ногусастанӣ бо решаҳои фарҳангӣ ва маънавии хешро дарк намуд.
Зеро алифбои ниёгон танҳо рамзи гузашта нест, балки шуълае ҳам ҳаст, ки метавонад моро ба олами дурахшони адабиёт ва умуман фарҳанги бузурги аҷдодии мо роҳнамоӣ кунад.
Фаридун Аслонов,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ.