Мубориза бар зидди коррупсия бо «чашми пӯшида»

Дар арафаи таҷлили Рӯзи муаллим ва мураббиён дар театри драмавии лӯхтаки вилояти Самарқанд бори нахуст асари Акбар Абдуллоев «Чашмҳои пӯшида» ба саҳна гузошта шуд, ки аксарияти тамошобинон устодону талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии миёна буданд.

– Асари мазкур бо маслиҳату машварати ходимони прокуратураи вилоят ба саҳна гузошта шуд, – гуфт роҳбари бадеии театр Меҳрангез Тоҳирова, – мақсад аз ҳамкорӣ мубориза алайҳи коррупсия аст, ки иллатҳои ҷамъият мебошад. Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки тавассути образҳои бадеӣ мардумро ба ҳушёриву зиракӣ, адолату  ҳақиқат  даъват намуда, бар зидди иллатҳои ҷамъият мубориза баранд. Афсӯс, ки на ҳама ҳақиқатро бо «чашмҳои пӯшида» дида ва дарк карда метавонад. Асари мазкур ба тарбюиятгари насли наврас – муаллимону мураббиён ва хонандагони синфҳои болоӣ таассуроти амиқ гузошт.

Зоҳир Ҳасанзода.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: