Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба анҷом расид.
Сарвари кишварамон дар шаҳри Аммон бо Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусайн музокироти судманд анҷом дод. Инчунин, ба форуми тиҷоратӣ бо иштироки роҳбарони ширкатҳои пешсафи ду кишвар ташриф овард.
Дар доираи ҳамоиш Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ қабул гардид. Ҳамзамон, дар маҷмӯъ 19 санад ба имзо расид, ки ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо нигаронида шудаанд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафар дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Малика Алия роҳбари Ӯзбекистон ва ҳамсарашро Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусайн гусел кард.
Сарвари давлатамон ба Тошканд баргашт.