Истиқлолият ва рушди таълим дар вилояти Навоӣ

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ, балки заминаи асосии муайян намудани роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ба шумор меравад.

 Дар ин раванд соҳаи маориф ва таълим мавқеи хос пайдо кард, зеро ояндаи давлат пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, касбият ва маърифати насли наврас вобаста аст.

Дар солҳои истиқлол соҳаи таълим тадриҷан аз як низоми танҳо донишомӯзӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии рушди инсон табдил ёфт.

Вилояти Навоӣ дар қатори минтақаҳое қарор дорад, ки дар солҳои охир дар рушди соҳаи таълим ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Тағйиротро метавон дар чанд самт – беҳтар гардидани инфрасохтори таълимӣ, рушди муассисаҳои махсус, омодагии хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, густариши таълими рақамӣ ва дастгирии омӯзгорон мушоҳида кард.

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди соҳаи таълим афзоиши имкониятҳои ҷавонон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад. Агар як сол қабл аз муассисаҳои таълимии вилоят 321 нафар хатмкунанда ба таври пешакӣ ба донишгоҳҳо қабул шуда бошанд, соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 484 нафар расидааст. Яъне шумораи чунин довталабон 163 нафар зиёд шудааст. Ин танҳо як рақам нест. Дар паси он меҳнати омӯзгорон, талоши хонандагон, дастгирии падару модарон ва муҳити нави таълимӣ қарор дорад.

Соли ҷорӣ низ аз рӯйи нишондиҳандаи миёнаи холҳо дар байни минтақаҳо вилояти Навоӣ бо 112, 8 хол пешсаф аст. Баландтарин нишондиҳанда аз рӯйи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ – 52,5 фоиз низ ба вилояти Навоӣ рост омадааст.

Аз синфхона то арсаи байналмилалӣ

Муваффақияти воқеии низоми таълим дар он зоҳир мегардад, ки толибилм метавонад дониши худро на танҳо дар дохили мактаб, балки дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ низ нишон диҳад.

Соли 2026 толибилмони вилояти Навоӣ дар Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» оид ба математика ва информатика, ки 3-5 июн дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, шаш медал – ду тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд. Ду медали тиллоро хонандагони Мактаби президентии шаҳри Навоӣ – Райҳона Санақулова ва Темурбек Убайдуллоев дар самти информатика соҳиб шуданд.

Муваффақияти толибилмони Навоӣ дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ идома дорад. Дар Олимпиадаи байналмилалии информатикаи Осиё ва уқёнуси Ором – APIO-2026 Райҳона Санақулова соҳиби медали нуқра гардид. Дар Олимпиадаи байналмилалии химияи Менделеев хонандагони вилоят соҳиби 5 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ шуданд. Дар Олимпиадаи байналмилалии биологияи ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ намояндагони Навоӣ 2 медали тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки иқтидори зеҳнии ҷавонони минтақа баланд аст.

Имрӯз вазифаи давлат ва муассисаҳои таълимӣ аз он иборат аст, ки барои рушди қобилияти ҳар як кӯдак шароити муносиб фароҳам оваранд.

Дар ин замина сохтмони мактабҳои махсус ва муассисаҳои таълимии дорои самтҳои фаннӣ аҳамияти калон дорад. Аз ҷумла, сохтмони мактаби махсуси ба номи Ал-Хоразмӣ барои 504 хонанда яке аз қадамҳо дар самти ташаккули муҳити мусоиди таълими фанҳои дақиқ ба ҳисоб меравад.

Рақамикунонӣ – талаботи замон

Тағйироти босуръати технологияҳои рақамӣ муносибат ба таълимро низ дигар мекунад. Дар ин самт лоиҳаҳои омӯзиши технологияҳои нав, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, барои ҷавонони Навоӣ имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Дар доираи озмуни миллии «Панҷ миллион пешвоёни зеҳни сунъӣ» беш аз 64 ҳазор хонандаи вилояти Навоӣ соҳиби сертификат  гардиданд.

Зеҳни сунъӣ танҳо як мавзӯи технологии имрӯз нест, он тадриҷан ба иқтисод, саноат, тиб, муҳандисӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ворид мешавад. Аз ин рӯ, шинос намудани насли наврас бо технологияҳои муосир маънои омода кардани онҳоро ба бозори меҳнати оянда дорад.

Омӯзгор – қувваи асосии ислоҳот

Ҳеҷ як ислоҳоти соҳаи маориф бе омӯзгори соҳибкасб натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Бинои нав, компутер ва лаборатория то замоне самаранок нестанд, ки дар маркази ин низом омӯзгори донишманд, масъулиятшинос ва эҷодкор қарор надошта бошад. Омӯзгори муосир бояд на танҳо дониши фаннӣ, балки малакаи истифодаи технологияҳои рақамӣ, усулҳои интерактиви таълим ва қобилияти кор бо хонандагони дорои сатҳҳои гуногуни донишро дошта бошад.

Навоӣ ҳамчун яке аз минтақаҳои муҳими саноатии Ӯзбекистон ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад. Корхонаҳои саноатӣ, энергетика, конҳои маъдан, технологияҳои нав, сохтмон ва соҳаҳои хидматрасонӣ мутахассисони замонавиро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии таълим бо эҳтиёҷоти бозори меҳнат аҳамияти махсус пайдо мекунад. Донишгоҳ, коллеҷ, техникум ва корхона бояд ба ҳам наздик бошанд.

Истиқлолият – масъулияти наслҳо

Истиқлолият пеш аз ҳама имкони сохтани ояндаи худ ва ҷомеа мебошад. Аммо истиқлолияти давлат бе истиқлолияти фикрӣ, маънавӣ ва зеҳнии шаҳрвандон устувор буда наметавонад. Мактаб бояд ҷавононеро тарбия кунад, ки таъриху фарҳанги худро эҳтиром намоянд, арзишҳои умумиинсониро дарк кунанд, соҳиби касб бошанд ва дар назди ҷомеа масъулият эҳсос намоянд.

Солҳои истиқлол нишон доданд, ки рушди соҳаи таълим раванди якрӯза нест. Ин кори пайвастаест, ки аз сохтмони мактаб оғоз шуда, ба сифати дарс, маҳорати омӯзгор, қобилияти хонанда, дастгирии оила ва ниҳоят ба сатҳи рушди ҷомеа мерасад.

Имрӯз медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии хонандагони Навоӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ нишонаи иқтидори насли нав ва натиҷаи фаъолияти як низоми таълимӣ мебошанд.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: