Рӯзи Парчам ба дӯстии миллатҳо пайванд шуд!

Дар мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 5-уми ноҳияи Деҳқонобод ба шарафи ҷашни Парчами миллӣ ва Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ чорабинии васеи маънавию маърифатӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ва Маркази миллию фарҳангии тоҷикон рӯйи кор омада, дар он намояндагони миллатҳои маскуни ин мавзеъ гирдиҳам омадаву аз дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ сухан ба миён гузоштанд. Иштирокдорон зери шиори “Як Ватан, як халқ, як парчам” ҷамъ омаданд.

Директори мактаби мусиқиву санъат Зафар Тошқулов гуфт, ки 35 сол муқаддам аз ин Парчами Ӯзбекистон пазируфта шуд ва дар ин муддат кулли миллатҳои маскуни кишварамон зери сояи он муттаҳид гашта, ба ободиву осоиштагии рӯзгор дар ин хок пайваста заҳмат мекашанд. Ҳамин парчам аст, ки моро ба иттиҳоди комил мерасонад ва намояндагони қавму миллатҳои гуногунро ба ҳам оварда, ғояи таҳаммулпазириро дар қалбҳои онҳо ангезиш медиҳад.

Сипас Ойбек Нормуродов, мушовири ҳокими ноҳияи Деҳқонобод оид ба масоили динӣ ва Йӯлдош Махсумов, яке аз куҳансолони ин мавзеъ ҷавононро ба хештандориву таҳаммулпазирӣ даъват намуданд ва таъкид карданд, ки ватан маҳз аз сарҷамъӣ ва натиҷаи дӯстии миллатҳо обод ва шукуфон хоҳад гашт.

Суханҳои яке аз дастандаркорони ин чорабинӣ Карим Тошқулов, раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳияи Деҳқонобод хеле нишонрас буд. Вай гуфт, ки дар ноҳия ҳудуди 14 қавму миллат дар осоишу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ умр бар сар мебаранд ва тоҷикон чун халқи бумии ин хок 35 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Зери як парчам муттаҳид гардидани тамоми миллатҳо талаби давру замон аст ва ин иқдом кишвари моро ба аҳли ҷаҳон чун мамлакати таҳаммулпазир муаррифӣ хоҳад кард.

Дар идомаи чорабинӣ, ба забонҳои гуногун шеъру тарона ва сурудҳои ҷаззоб садо доданд, ки маҳз баромади ҳофизи ҷавону хушовози маҳаллӣ Фарҳод Тошқулов фазои хуби дӯстиву рафоқатро комилтар сохт.

Дар фарҷом пиру ҷавон чун рамзи дӯстии миллатҳо дар боғи мактаб ниҳолҳо шинонданд.

Шариф Халил,

хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё.

***

Дар шаҳри бостонии Самарқанд низ бахшида ба Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо шиори "Як Ватан, як халқ як парчам!" чорабиниҳои пуршукӯҳи идона ба вуқӯъ пайваст. Бо ин муносибат майдони Кӯксарой намуди идона гирифта, зери парчами осмонбӯс намояндагони аҳли фарҳангу ҳунар, донишҷӯён, хидматчиёни ҳарбӣ, санъаткорон ва меҳмонон ҷамъ омаданд.

Дар оғози чорабинӣ мадҳияи давлатии мо танинандоз гашт ва сипас ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тӯхтаев ҳозиронро хайра мақдам гуфта, оид ба аҳамияти Парчами давлатӣ суханронӣ намуд.

Боиси хушнудист, ки дар чорабинии идона иштирокчиёни "Ҳафтаи маърифат", ки дар саросари кишвар таҳти шиори "Ӯзбекистон аз они худи мост!" баргузор мегардад, низ ширкат варзиданд.

– Ҳар гоҳе ки мо, варзишгарон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ пирӯзӣ ба даст меорем, – иброз дошт ҳафт карат чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот, гроссмейстери байналхалқӣ Афруза Ҳамдамова, – ба шарафи мо мадҳияи Ӯзбекистон садо дода, парчами кишвари азизамон парафшон мешавад. Ин ифтихор аз ватандории мо аст.

Бигзор парафшон бодо, Байрақи кишвари азизу муқаддаси мо!

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори "Овози тоҷик" дар вилояти Самарқанд.

***
 

Дар мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бахшида ба Парчами давлатӣ чорабинии маънавию маърифат баргузор гардид. Ба ин муносибат саҳни мактаб муҳити идонаро касб намуд. Дар чорабинӣ раиси ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Чашма Фаррухҷон Мамаҷонов, муаллимон ва хонандагони мактаб фаъолона иштирок карданд.

Барномаи тадбир аз чанд бахш иборат буда, садо додани суруди миллӣ, маълумоти муҳим оиди парчам, шеърҳо дар васфи парчам, рақс ва қисми фароғатиро фаро гирифт. Муаллими фанни таърих Зафарҷон Назаров барои рангин гузаронидани чорабинӣ ҳамроҳи хонандагони синфи 8-уми “А” саҳми назаррас гузошт.

Устоди пуртаҷрибаи мактаб Мелибой Ҷӯраев низ аз ҷараёни тадбир изҳори қаноатмандӣ намуда, чанд фикри худро оиди ливои кишвари азизамон баён кард. Устод ба ҳар як баромадкардагони тадбир арзи сипос изҳор кард ва фикри хотимавиро баён кард.

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ.

Вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: