Додгоҳи округи Мэриленди ИМА иҷрои фармони президенти кишвар Доналд Трампро, ки маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ аз рӯи таваллудро пешбинӣ мекунад, манъ кард.
Тавре РИА «Новости» хабар медиҳад, дар қарори додгоҳ таъкид шудааст, ки татбиқ ва иҷрои ин фармон иҷозат дода намешавад.
«Ба Котиби давлатии ИМА, Прокурори генералӣ, Вазири амнияти дохилӣ, директори Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷират, комиссари Маъмурияти таъминоти иҷтимоӣ, инчунин шахсони мансабдор, агентҳо, кормандон, адвокатҳо ва дигар шахсоне, ки бо онҳо ҳамоҳанг амал мекунанд, татбиқ ё иҷрои фармони соли 2026 манъ карда мешавад», — омадааст дар қарори додгоҳ.
Қаблан Додгоҳи олии ИМА низ ташаббуси президенти кишварро дар бораи бекор кардани ҳуқуқи умумии шаҳрвандӣ барои кӯдаконе, ки дар қаламрави ИМА таваллуд мешаванд, боздошта буд.