Натиҷаҳои таҳқиқоти нав нишон медиҳанд, ки эҳтимоли ба Замин тавассути кометаҳо расидани моддаҳои барои пайдоиши ҳаёт зарур хеле кам аст. Бо вуҷуди ин, олимон ба хулосае наомадаанд, ки ҷирмҳои осмонӣ дар пайдоиши ҳаёт умуман нақш надоштаанд.
Ҳаёт дар Замин худ аз худ пайдо шудааст ё аз кайҳон омадааст? Олимон то ҳол ба ин савол ҷавоби дақиқ наёфтаанд. Ҳар ду фарзияро далелҳои илмӣ дастгирӣ мекунанд. Аммо таҳқиқоти нав нишон медиҳад, ки эҳтимоли аз кайҳон ба Замин омадани ҳаёт хеле кам будааст.
Тибқи ҳисобҳои олимон, шаклҳои аввалини ҳаёт дар Замин тақрибан 3,8–4,1 миллиард сол пеш пайдо шудаанд. Эҳтимол меравад, ки ин раванд дар наздикии чашмаҳои оби гарми қаъри уқёнус ё дар ҳавзаи хурди оби гарм, тавре ки Чарлз Дарвин тахмин карда буд, сурат гирифтааст.
Он ки ҳаёт ҳамагӣ 400–500 миллион сол пас аз ташаккули сайёра пайдо шудааст, заминаи пайдоиши назарияи панспермияро фароҳам овард. Мувофиқи ин фарзия, нахустин унсурҳои ҳаёт метавонистанд аз кайҳон ба Замин интиқол ёфта бошанд.
Яке аз моддаҳои зарурӣ барои пайдоиши ҳаёт сианиди гидроген (HCN) мебошад. Дар сурати мавҷуд будани консентратсияи кофии он, метавонад шакарҳо, моддаҳои равғанмонанд ва пайвастагиҳои аввалини кислотаҳои нуклеинӣ ҳосил шаванд. Ин молекула дар таркиби кометаҳо низ зиёд аст. Аз ин рӯ, олимон муддати тӯлонӣ кометаҳоро яке аз манбаъҳои эҳтимолии интиқоли моддаҳои барои ҳаёт зарур ба Замин медонистанд.
Аммо расонидани чунин моддаҳо тавассути кометаҳо кори осон нест. Кометаҳои хурд ҳангоми гузаштан аз атмосфера метавонанд пора-пора шаванд. Онҳое, ки ба сатҳи Замин мерасанд, бо суръати баланд ба сайёра бархӯрда, ҳарорати хеле баландро ба вуҷуд меоранд.
Ин ҳолат метавонад боиси таҷзияи молекулаҳои органикӣ гардад. Гурӯҳи муҳаққиқон таҳти роҳбарии Ричард Анслоу аз Институти астрономияи Донишгоҳи Кембриҷ 100 ҳазор моделсозии компютерӣ анҷом дода, эҳтимоли ба Замин расидани моддаҳои зарурӣ тавассути кометаҳоро арзёбӣ карданд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки ҳатто дар шароити аз ҳама мусоид шумораи бархӯрдҳое, ки метавонистанд миқдори кофии сианиди гидрогенро барои пайдоиши ҳаёт ба Замин бирасонанд, ба сифр баробар будааст. Дар 54 фоизи моделсозӣ бошад, чунин бархӯрдҳо умуман рух надодаанд.
Илова бар ин, моддаҳои тавассути кометаҳо овардашуда метавонанд зери таъсири борон ва обҳои зеризаминӣ дар давоми чанд рӯз ё ҳафта маҳлул шуда, консентратсияи худро аз даст диҳанд. Дар натиҷа, барои ба амал омадани реаксияҳои зарурии кимиёвӣ шароити муносиб боқӣ намемонад.
Муҳаққиқон ҳамчунин муайян кардаанд, ки расидани моддаҳои органикӣ ба Миррих тавассути кометаҳо нисбат ба Замин осонтар будааст. Бо вуҷуди ин, натиҷаҳои таҳқиқот на исбот мекунанд, ки кометаҳо дар пайдоиши ҳаёт дар Замин умуман иштирок накардаанд ва на он ки онҳо сабаби пайдоиши ҳаёт дар Миррих шудаанд.
Ба гуфтаи Марина Иванова, ходими пешбари илмии Институти геохимия ва химияи таҳлилии ба номи В. И. Вернадскийи Академияи илмҳои Русия, моддаҳои органикии барои ҳаёт зарур метавонистанд ба Замин на танҳо тавассути кометаҳо, балки бо ёрии метеоритҳо ва астероидҳо низ расида бошанд. Ҳамзамон, барои аз моддаҳои ғайризинда ба вуҷуд омадани ҳаёт равандҳои биогеокимиёвӣ бо иштироки об, метан, гидроген ва аммиак низ аҳаммияти муҳим доштаанд.