Аз соли 2028 тамоми филмҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ таҳия мешаванд, дар платформаи ягонаи онлайнии синамо ҷой дода мешаванд. Ҳамчунин, кинотеатрҳо ба низоми ягонаи иттилоотии фурӯши чиптаҳо ва бақайдгирии даромад муттаҳид карда мешаванд.
Фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ дар соҳаи кинематография ва дастгирии таъсиси бренди миллии синамои “O‘zbekfilm”» (№ ПФ–250, аз 21 ноябри соли 2026) қабул гардид.
Тибқи фармон, ҷорӣ намудани модели муосири идоракунӣ дар соҳаи кинематография, ба низом даровардани ваколатҳои такроршаванда ва тадриҷан ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт табдил додани саноати миллии синамо аз вазифаҳои асосӣ муайян шудаанд.
Ҳамчунин, таъсис ва муаррифии бренди миллии синамои «O‘zbekfilm», маблағгузории лоиҳаҳои кино, такмили низоми истеҳсоли филмҳо ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф пешбинӣ шудааст.
Бо фармон дар назди Вазорати фарҳанг ширкати миллии синамои «O‘zbekfilm» таъсис дода мешавад. Ҳамзамон, дар заминаи муассисаи давлатии «Қорақалпоқфильм»-и вазорат ширкати миллии синамо ва бо муассисии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қорақалпоқфильм» ташкил карда мешаванд.
Илова бар ин, бо иштироки Институти санъатшиносии Академияи илмҳо ва як гурӯҳ филмофарон Клуби синамошиносон таъсис меёбад.
Ҳамчунин, тавассути муттаҳид кардани Иттиҳоди эҷодии ходимони синамои Ӯзбекистон ва Иттиҳоди намояндагони саноати синамои Ӯзбекистон Палатаи намояндагони соҳаи синамои Ӯзбекистон ташкил карда мешавад. Дар шаҳри Тошканд низ мактаб ва платформаи эҷодиёти синамоии кӯдакон ба фаъолият оғоз мекунад.
Дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг Департаменти санъати кино таъсис дода мешавад.
Ба филмҳои дорои аҳамияти махсус, ки ба ғояи рушди миллӣ хизмат мекунанд ва ҳадафашон муаррифии таърихи ғанӣ ва дастовардҳои муосири кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, бо пешниҳоди ширкати миллии синамо аз ҷониби Вазорати фарҳанг мақоми «Лоиҳаи умумихалқии синамо» дода мешавад.
Тибқи фармон, то 1 январи соли 2028 Низоми ягонаи иттилоотии чиптаҳои кино ва платформаи миллии онлайнии синамои «O‘zbekfilm» таҳия ва ба истифода дода мешаванд.
Аз 1 январи соли 2028:
- Ҳамаи филмҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ таҳия шудаанд, инчунин намунаҳои мероси синамоии дар бойгониҳои давлатӣ маҳфузбуда, ба таври рақамӣ ва ҳатмӣ ба пойгоҳи платформаи синамо ройгон пешниҳод карда мешаванд.
- Филмҳои студияҳои хусусии синамо ва муаллифон дар асоси шартнома дар платформа ҷой дода мешаванд.
- Ҳамаи кинотеатрҳо ва ташкилотҳое, ки дар кишвар ба намоиши филмҳо машғуланд, ҳатман ба Низоми ягонаи иттилоотии чиптаҳои кино пайваст карда мешаванд.
- Мубодилаи автоматии маълумот дар бораи ҳар як намоиши филм, чиптаҳои фурӯхташуда ва даромади бадастомада дар реҷаи вақти воқеӣ ба роҳ монда мешавад.
Ин тағйирот ба ташаккули низоми ягонаи идоракунӣ ва баҳисобгирии рақамӣ дар соҳаи кинематография, тарғиби маҳсулоти миллии синамо ва густариши иштироки санъати синамои ӯзбек дар арсаи байналмилалӣ равона шудаанд.