Роҳбари давлат аз намоишгоҳи «Ӯзбекистон – Урдун» дидан кард

  • Роҳбари давлат аз намоишгоҳи «Ӯзбекистон – Урдун» дидан кард
  • Роҳбари давлат аз намоишгоҳи «Ӯзбекистон – Урдун» дидан кард
  • Роҳбари давлат аз намоишгоҳи «Ӯзбекистон – Урдун» дидан кард
  • Роҳбари давлат аз намоишгоҳи «Ӯзбекистон – Урдун» дидан кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари давлатӣ ба Урдун ба намоишгоҳи «Ӯзбекистон – Урдун», ки дар шаҳри Аммон ташкил гардидааст, ташриф овард.

Сарвари давлатамонро Подшоҳи Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусайн ҳамроҳӣ намуд.

Дар намоишгоҳ бахшида ба иқтидори ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории байни ду мамлакат, инчунин самтҳои афзалиятнок, чун саноати кӯҳкорӣ ва геология, кимиё, кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, нақлиёт ва логистика, электротехника, нассоҷӣ, дорусозӣ ва саноати мудофиа шуъбаҳои алоҳида ташкил шудаанд.

Ба пешвоён лоиҳаҳои ояндадори сармоягузории Ӯзбекистон ва Урдун дар тамоми соҳаҳо низ муаррифӣ гардиданд. Ин ба сармоягузорони ду кишвар имкон дод, то бевосита бо лоиҳаҳои судманди сармоягузорӣ шинос шаванд.

Дар стендҳо намунаҳои ашёи хоми минералӣ ва маҳсулоти базалт, нуриҳо, маҳсулоти хӯрокворӣ, калобаи ресмон, матоъ ва либосҳои тайёр, инчунин доруворӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Намояндагони ширкатҳои бузурги ду кишвар оид ба рафти татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки намоишгоҳ ба таҳкими ҳамкориҳои байни корхонаҳои пешсафи Ӯзбекистон ва Урдун, инчунин густариши табодули таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир хидмат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: