Донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз дар робита ба бузургдошти 583-солагии Алишер Навоӣ чорабинии фарҳангие баргузор намуданд.
Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ, раиси Маркази миллии тоҷикони вилояти Сурхондарё, номзади улуми филологӣ, дотсент Рамазон Абдуллоев дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Навоӣ маълумоти мухтасар дод. Вай таъкид кард, ки ин шоири шаҳир дар тӯли шаст соли умри худ асарҳои пурқимате эҷод кардааст, ки кунун ба адабиёти ӯзбек ва форсу тоҷик яксон хидмат мекунанд. Абдуллоев инчунин гуфт:
– Таҷлили солгарди шахсиятҳои таърихию фарҳангие мисли Навоӣ ба худогоҳии ҷавонони мо такони назаррасе мегарданд. Хоса, мо дар симои Мир Алишери Навоӣ ва устоди фарзонаи ӯ Абдураҳмони Ҷомӣ дӯстии безаволи халқҳои тоҷику ӯзбекро мебинем, ки аз муносибатҳои устодиву шогирдии онҳо маншаъ мегирад. Ин шоири баркамол дар домани адабиёти ғании форсу тоҷик ба воя расида, ба нишони садоқату эҳтироми қавӣ ба забону адабиёти вай девони порсии худро мураттаб сохтааст ва бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои марғубе эҷод кардааст.
Дар ҷамъомад донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгор Сайёра Саидова аз эҷодиёти Навоӣ намунаҳо қироат намуданд, вобаста ба рӯзгори ӯ саҳнаҳои марғубу диданиеро намоиш доданд ва бо рақсу сурудхонӣ хотири ҷамъомадагонро шод сохтанд. Саволу ҷавобҳо аз рӯзгор ва эҷодиёти Мир Алишери Навоӣ ҳам ба аҳли нишаст таассуроти нек гузошт.
Дар интиҳо ба дастандаркорони ин чорабинӣ аз ҷониби Маркази миллии тоҷикони вилоят «Сипоснома»-ҳо супорида шуд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.