ТАВАҶҶУҲИ САРМОЯДОРОН БА НОҲИЯИ ҒУЗОР МЕАФЗОЯД

Дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё бо ширкати сармоядорони Чин даҳҳо лоиҳаҳои хурду бузург дар амал татбиқ хоҳанд шуд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии қаламрав такони назаррас мерасонанд.

Ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов пас аз мулоқот бо намояндагони аҳли сармояи Чин дар шаҳри Қаршӣ гуфт, як идда тарҳҳои муҳиммеро дар ноҳияи Ғузор пиёда месозанд.
– Дархостҳои Президентро дар робита ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ватанамон ба инобат гирифта, ҳамкориҳоро бо намояндагони ширкатҳои бузурги Чин ва доираҳои бонуфузи сармоягузори ин давлати абарқудрат ба роҳ мондаем. Ширкати фаъоли чиноиҳо дар иқтисодиёти вилоят ба нафъи ҳар ду ҷониб буда, аз он бештар мардуми маҳаллӣ бурд мекунанд, – таъкид намуд М. Азимов. 
Ҳокими ноҳияи Ғузор Бекзод Суюнов низ нақшаҳои бунёд ёфтани корхонаҳоро дар қаламрави таҳти раҳбариаш муҳим хонд ва гуфт, ки бо меҳмонон дар ҳамоҳангӣ кор хоҳанд кард. 
Интизор меравад, ки дар ноҳияи Ғузор зиёдтар аз даҳ коргоҳ сохта шавад. Барои татбиқи ин тарҳҳои хеле муфид лоиҳаи «Мавзеи саноатии пешқадам» муаррифӣ шуд. Дар қадамҳои нахустин ҷудо шудани 15 гектар замин эълом гардид, ки аз ҷониби сармоядорон хуш истиқбол ёфт. Ҳокими ноҳияи Ғузор Бекзод Суюнов аз таваҷҷӯҳи сармоягузорони чиноӣ изҳори хушнудӣ намуда, ҳузури онҳоро дар иқтисодиёти ноҳия яке аз омилҳои хуби пешрафт арзёбӣ намуд. 
– Ба истифода дода шудани ин мавзеи саноатии муҳташам иқтисодиёти Ғузорро ба маротиб боло мебарад ва дар пай вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ куллан тағйир хоҳад ёфт, – гуфт ӯ.
Пас аз татбиқи лоиҳаҳои мазкур барои 2700 нафар шуғли доимӣ ба вуҷуд хоҳад омад, ки бештар аҳолии маҳаллӣ ба он ҷалб карда мешаванд. Назар ба маълумотҳо, танҳо дар натиҷаи сохта шудани коргоҳе, ки аз барги тут истеҳсол намудани маҳсулоти ғизоии гипокликемиро фаро мегирад, 2000 ҷои кор бунёд хоҳад гашт.
Ба ҷуз ин сармоядорони чиноӣ ният доранд, ки корхонаҳои коркарди  абрешим ва санги мармари сунъӣ бисозанд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаи сохтмони хонаҳои баландошён  низ як тарҳи ҷолиберо пиёда созанд. Ҳамчунин сармоядорони чиноӣ дар сохтаву ба истифода додани неругоҳи офтобӣ ҳиссаи худро хоҳанд гузошт. Дар ноҳияи Ғузор ширкати байналмилалии тиҷоратии содиротиву воридотии амвол, бахшҳои Донишгоҳи таҳқиқотии улуми тибби замонавии Чин ва технологияи он, филиали коллеҷи технологии Чин дари худро боз хоҳанд намуд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: