ХИДМАТИ НАҚЛИЁТ – ТИБҚИ ТАЛАБИ ЗАМОН

Пас аз он ки Ӯзбекистон ба қатори мамлакатҳои рушдёфтаи автомобилбарор ворид гашт, дар Самарқанд низ шумораи воситаҳои нақлиёт – аз сабукрав то автобусу боркашони вазнин хеле афзуд.

Пас аз он ки Ӯзбекистон ба қатори мамлакатҳои рушдёфтаи  автомобилбарор ворид гашт, дар Самарқанд низ шумораи воситаҳои нақлиёт – аз сабукрав то автобусу боркашони вазнин хеле афзуд. Алъон мошинҳои шахсӣ ва давлатӣ, ки торафт бештар мешаванд, ба амал омадани тирбандӣ дар роҳҳо як ҳолати табиӣ шуд. Мушкилоти дигар истифода аз нақлиёти мусофиркашон аст.

Тибқи маълумоти расмии садорати нақлиёти Самарқанд дар қаламрави вилоят 385 самти мусофиркаш арзи вуҷуд дошта, 189 адад автобуси махсус ба аҳолӣ хидмат мекунанд. Дар ноҳияҳои вилоят дар 343 самт «Дамас» ва микроавтобус равуо доранд.
Дар шаҳри Самарқанд бошад, 59 хатсайри мусофиркаш ба қайд гирифта шудаанд, ки 384 автобуси замонавӣ ба халқ хидмат мерасонанд.
Аён аст, ки дар панҷ самт нақлиёти мусофиркаш нест. Сабаб, таъмири роҳҳо ва ба талаботи замон ҷавобгӯ набудани онҳо мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки вақтҳои охир ба ҳокимияти шаҳру вилоят ва идораҳои рӯзномаҳо, симо ва садои ҷумҳурӣ шикояти аҳолӣ нисбати ғайриқаноатбахш будани хидмати нақлиётӣ хеле афзуд. Бо ҳамин муносибат мо низ ба идораи садорати нақлиёти вилоят омада,бо ҷонишини раиси садорат Ҷӯрабек Корҷовов вохӯрӣ намуда, бо чанд савол ба ӯ  муроҷиат кардем. Зеро рӯзҳои наздик аҳолии шаҳри Самарқанд аз як миллион нафар афзуда, бештар омадани сайёҳони хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар омади гап таъкид кардан ҷоиз аст, ки хидмати нақлиёт тибқи талаботи замон бояд бошад.
– Танҳо соли гузашта аз аҳолӣ тавассути қабулхонаи виртуалӣ 550 муроҷиат ба мо низ расидааст, – гуфт Ҷӯрабек. – Аксарияти онҳо ҳалли худро ёфтаанд, ки доир ба масъалаҳои беҳдошти хидмати нақлиётӣ ва бунёди истгоҳи замонавӣ буд.
Инчунин, мушкили пардохти ҳаққи хидматрасонӣ ба мусофирон ҳам дар рӯзнома ҳастанд.
–  Имсол дар Самарқанд анҷуманҳои бошукӯҳ баргузор мешаванд. Хӯш, тайёрӣ чӣ хел? 
– Дар асоси талаботи бозаргонӣ аз хориҷа 435 адад автобуси мусофиркаши замонавӣ харидан ба нақша гирифта шудааст. Аллакай бо чанд заводи истеҳсоли автомобилии Хитой шартнома бастем. Дарозии нақлиёти мусофиркаш аз даҳ метр зиёд мешавад, ки дар кӯчаҳои марказӣ ба  меҳмону мизбонон  хидмат расонда, танҳо ронандагони соҳибтаҷриба паси фармон нишаста, ба нишонаҳои роҳ ва пешлавҳҳои  ёдраскунанда қатъӣ амал мекунанд.
Боз як навид он аст, ки тобистони соли гузашта як гурӯҳ мутахассисони нақлиёти Русия ба Самарқанд омада, ҳолати ҳаракати нақлиёти ҷамоатиро аз наздик омӯхта, барои беҳдошти соҳаи мазкур ғоя ва таклифҳои олиҷаноб доданд, ки дар асоси он кор мебарем.
– Тааҷҷуби мо аз он аст, ки дар ҳар куҷо ҳар хел истгоҳи нақлиёт сохтанд.
Магар ба замона ва муҳит хос бунёд кардан мумкин нест?
– Ҳозир дар вилояти Самарқанд қариб 900 адад истгоҳи нақлиёт ҳаст. Афсӯс, ҳамаи онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ набуданашро мо ҳам медонем. Дар асоси маслиҳати мутахассисону  меъморон лоиҳаи нави истгоҳи андозаи байналхалқӣ бунёд шуда истодааст, ки мусофирон аз он  пурсамар истифода бурда тавонанд.
– Шикоят нисбати пардохти роҳкирои таксӣ бисёр аст...
– Хушбахтона дар ин самт рақобат афзоиш ёфтааст.Чанд намуди хидматрасонӣ пайдо шуд, ки мусофирон метавонанд дилхоҳи хешро пайдо карда, истифода баранд

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: