КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАКТАБҲОИ СУРХОНДАРЁ

Дар соли Эътибор ба инсон ва таълими босифат имрӯзҳо гурӯҳи кории ҳокимияти вилоят бо роҳбарии ҳоким Улуғбек Қосимов дар ҷойҳо вохӯриҳои сайёр гузаронида, бо мардум мулоқоти кушод созмон дода, бо тарзи зист ва шароити шаҳрвандон аз наздик ошно гардида, бархе аз муаммоҳоро дар ҷояш ҳаллу фасл месозанд.

Дар натиҷаи ин чорабиниҳо аён гардид, ки то ҳанӯз гирду атрофи 287 макотиби вилояти Сурхондарё дар ҳолати кушод қарор дошта, бо девор иҳота нашудааст. Чунин вазъ доштани мактабҳо аксар вақт ба эътирози ҷамоа – устодону шогирдон ва аҳолӣ, сабаб мегардад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки беиҳота будани мактабҳо ба сифати таълим, одобу ахлоқ ва интизоми хонандагон таъсири беҳад манфӣ мерасонад ва баъзан ба ҳолатҳои нохуш ҳам оварда расонидааст. Барои гирифтани пеши роҳи ин, ё худ баланд бардоштани сифати таълиму эътибор ба ҷавонон ҳокими вилоят аз буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо намуда, ба мутасаддиёни соҳаи маориф ва сохтмон супориши қатъӣ дод, ки то соли нави хониш 287 мактаби ба рӯйхатгирифташуда пурра бо девор иҳота карда шавад. Дар айни замон корҳои ободонӣ оғоз ёфта, бо ҷадал давом дорад.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: