НАМОЯНДАГОНИ ҶОПОН БА СУРХОНДАРЁ ТАШРИФ ФАРМУДАНД

Моҳи декабри соли гузашта ҳайати вилояти Сурхондарё бо раҳбарии ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов ба кишвари мутараққии Ҷопон ташриф фармуда, барои барқарор ва беҳсозии муносибатҳо як қатор лоиҳаҳои судбахшро ба имзо расонида буд.

 Мувофиқи созишномаи тарафайн барои аз наздик шинос шудан бо шарту шароит ва имконоти иқтисодии воҳа ҳайати Ҷопон ба шаҳри Тирмиз ташриф фармуд.
Онҳо ба корхонаи гилемистеҳсолкунии ҶММ «Termez National Carpets» ташриф фармуда, бо фаъолияти ин корхонаи муштарак аз наздик шинос шуданд. Сипас, намояндагон аз маҷмааи ёдгориҳои таърихии «Фаёзтеппа», «Қаротеппа», ки аз ёдгориҳои қадимии даврони  буддоӣ аст, дидан намуда, бо таърих ва маданияти он давр шиносоӣ  пайдо карданд. Тамошои музейҳои бостоншиносӣ ва кишваршиносӣ ба онҳо таассуроти нек боқӣ гузошт. Ҳайат баъд бо фаъолияти Маркази ташхиси тиббии «Машҳура», ки бо ҷиҳози замонавии тиббӣ таъмин асту дараҷаи хидматрасонӣ ҳам баланд мебошад, шинос шуд. 
Дар ҷараёни бизнес-форум инчунин бо намояндагону мутахассисони ватаниву хориҷии соҳаи илму фан, тандурустӣ, саноат, савдо, туризм, хоҷагии қишлоқ, инвесторҳо алоҳида-алоҳида вохӯриву музокираҳо ташкил карда шуд ва шартномаҳо ба имзо расид. Мувофиқи созишномаҳо минбаъд бо кӯмаку ҳамкории ҳамдигарӣ, маблағи инвесторҳо кандан ва истеҳсол кардани ангишт, нафт, гази табиӣ, намак, калий, гаҷ, метали ранга ва дигар бойигариҳои маъданӣ ба роҳ монда мешавад.
Гурӯҳ аз ҷойҳои таърихии ба диққат сазовор, корхонаҳои муштарак, марказҳои логистика ва ширкатҳои хидматрасонӣ дидан намуданд.
Намояндагони расмии ҳарду ҷониб дар хусуси корҳои имрӯз амалишудаистода ва нақшаву ҳамкориҳои оянда ҳарф заданд. Дар форум инчунин аз ҷониби мутахассисон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, корхонаҳои муштараку фаъолияти инвесторҳо маълумот дода шуд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: