ХАРСАНГИ ФИЛШАКЛ

Дар Зеландияи Нав бисёр харсангҳои турфа мавҷуд аст, аммо аз харсанги филшакл аҷибтараш нест.

Ин харсанги ғайримуқаррарӣ дар байни харсангҳои бузурги оҳакини аз шамоли қарнҳо суфташуда дар ҳудуди фермаи хусусӣ дар 5 километрии ҷануб аз шаҳри Дантрун дар Отагои Шимолӣ қарор дорад. 
Ҳудуди Дантрун бо қишри замини аҷибаш машҳур аст, ки дар шаклҳои гуногуни ҳайратовари сангшуда маъруф аст. Яке аз инҳо харсанги аҷоибе дар шакли фил мебошад, ки он аз ҷойҳои ғайримуқаррарии дидании Зеландияи Нав ба шумор меравад.
Дарвоқеъ, дар ҳудуди ин харсангҳои турфашакл бисёр филмҳои бадеӣ ба навор гирифта шудааст.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: