Пӯшида нест, ки муаммои оби нӯшокӣ имрӯзҳо саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Дар кишвари мо низ ин муаммо ҳоло пурра ҳаллу фасл нашудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Сурхондарё, ки ҳарчанд аз фарози кӯҳҳои пурфайзу серобаш чандин дарёи обаш софу зулол ҷорӣ мешавад, ҳанӯз муаммоҳо мавҷуданд. Вале чанд соли охир дар ин бобат корҳои зиёде амалӣ гашта, мушкилот бартараф карда шуданд.
Аз ҷумла, бо воситаи гузаронидани қубурҳо аз Хоҷаи Майхонаи ноҳияи Бойсун аксари аҳолии ноҳияҳои Бойсуну Шеробод, аз дарёи Хоҷаи Поки ноҳияи Олтинсой ноҳияҳои Олтинсойу Шӯрчӣ, Бандихону Қизириқ ва аз дарёи Тӯпаланги ноҳияи Сариосиё аҳолии навоҳии Сариосиёву Узуну Деҳнав бо оби нӯшокӣ таъмин гардидаанд. Баъд аз амалӣ шудани лоиҳаи бузургҳаҷме, ки аз дарёи Тӯпаланг маншаъ мегирад, бо воситаи гузаронидани зиёда аз 250 км. қубурҳои диаметрашон васеъ қариб саросари вилоят бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешавад. Ҳоло дар ин самт кандани чуқуриҳо, корҳои васлсозии қубурҳо ва хокпӯш кардани онҳо бо ҷадал амалӣ мешаванд.
Ба ҷуз ин лоиҳаи дигари бузургҳаҷм, ки қиматаш 81 млрд. сӯмро ташкил мекунад, дар ҳудуди маҳаллаи «Сабзипоя»-и ноҳияи Тирмиз амалӣ мешавад, ки туфайли он 15,5 ҳазор хонадон ё худ зиёда аз 62 ҳазор аҳолии ноҳияи Тирмиз ва шаҳри Тирмиз доимӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд. Айни замон дар ин ҷо бунёди 2 истгоҳи насосӣ, 15 чоҳи артизанӣ пурра ба анҷом расида, 4 насос ва 4 трансформатор насб гардидааст. 4 захирагоҳ, ки 2 ҳазор кубаметр обро ғунҷоиш медиҳад низ тайёр. Ҳоло корҳои пайвандсозии қубурҳо ва таъмири роҳҳои дохилӣ, ки ҳангоми гузаронидани қубурҳо осеб дидаанд, давом доранд. Дар назар аст, ки то 32 солагии Мустақилии Ӯзбекистон зинаи аввали ин сохтмони бузург ва фоидаовар ба истифода дода мешавад, ки туҳфаи арзандаест ба ҷашни истиқлоли кишвар. Дар натиҷа аҳолии зиёда аз 10 маҳаллаи шаҳру ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда мешаванд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.