УСУЛИ НАВИ РӮЙПӮШ НАМУДАНИ ҶӮЙБОРҲО

Дар вилояти Қашқадарё усулҳои нави бидуни талафот расонидани обро ба қитъаҳои замини кишт дар амал татбиқ мекунанд.

Бетонпӯш сохтани ҷӯй-борҳо ва наҳру каналҳое, ки обро ба самти киштзорон интиқол медиҳанд, яке аз чунин корҳои муфид ба шумор мерафт. Аммо тибқи супориши раҳбари давлат таҷрибаи кишварҳои пешқадам ҳам омӯхта шудаву роҳҳои боз ҳам самарабахши он ҷустуҷӯ мегарданд.  Маълум гардид, ки рӯйпӯш намудани ҷӯйборҳо бо бетон як усули маъмулии сарфаи об буда, кишварҳои пешқадами ҷаҳон усулҳои боз ҳам фоидабахшеро ба кор мегиранд. 
Як ширкати Бритониёи Кабир бо номи «United Concrete Canvas» композити геосинтетикии бетонро пешниҳод сохт, ки назар ба рӯйпӯши бетонии маъмулӣ зичии мустаҳкам дошта, ба ҳар гуна таъсири беруна, аз ҷумла нурҳои ултрабунафши офтоб тобовар ҳастанд. Ин як навъи маводи сабуквазнест, ки дар ҷӯйбору наҳрҳои об зуд ва бидуни хараҷоти зиёд насб мешавад. Ҳаммуассиси ин ширкат Иэн Вудкок зимни муаррифии маҳсулоти коргоҳаш дар ҷамъи мутахассисони соҳаи ирригатсия гуфт, ахиран тавофуқ ба даст омад, ки дар навбати аввал маҳсулоти тайёри корхонаро дар вилояти Қашқадарё истифода мекунанд ва минбаъд истеҳсоли онро дар худи вилоят ба роҳ хоҳанд монд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик” 
дар вилояти 
Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: