МАРКАЗИ ҲУНАРМАНДИИ ОИЛАВИИ «МАЛИКА СУЛТОН» КУШОДА ШУД

Ин маркази ҳунармандии оилавӣ дар маҳаллаи Шайхулолами шаҳри Бухоро дар асоси фармони Президент аз 17 ноябри соли 2017 «Дар бораи чораю тадбирҳои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳаматарафаи ҳунармандон» ба вуҷуд омадааст.

Ин бинои сеошёнаи марказ, ки музей низ дорад ва қимати молиявиаш аз 5 миллиард сӯм иборат аст, бо 40 нафар устои ҳунарманд ва қариб 60 нафар шогирд ба фаъолият оғоз кард.
Яке аз ҳунармандони машҳури Бухоро, ки дар соҳаи зардӯзию кашидадӯзии санъати амалии халқ мактаби ба худ хос офаридааст, Маҳфуза Салимова (вай ғолиби номинатсияи «Бонуи соҳибкор»-и озмуни «Ташаббус» аст) сарвари ин марказ буда, фарзандону наберагонаш, шогирдони сершумораш ҳоло анъанаи хонадонро идома медиҳанд.
Ба маросими кушодашавии ин марказ ҳокими вилоят Б.Зарифов, раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис Б.Сайфуллоев, президенти Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон Саъд ал-Қаддумӣ ва дигарон ташриф оварда, аҳли ҳунар ва хонадонро муборакбод намуданд.
Намоиши маҳсули дастони ҳунармандони эҷодкор, мӯдҳои миллӣ, барномаи консертии устодони санъат иштироккунандагони тадбирро хушнуд кард. Ҳар як чизи хуб зуд мегузарад. Дар доираи барномаи фестивал тадбирҳои гуногун, тиҷорату тамошо, мулоқотҳои дӯстона бо иштироккунандагони тадбир, рақсу сурудҳо, манзараи дилкаш болои ҷозибаи шаҳри куҳан ҷозибаи нав зам мекард.
Дар чеҳраи мардуми маҳаллию хориҷӣ, меҳмонону мизбонон осори фараҳмандӣ падидор буд. Дили пиру барно аз лаззати дидори дӯстони дуру наздик ҷӯшу хурӯш дошт. 
Майдони Регистони назди қалъаи Арки шаҳр боз серодамтар гардид. Дар ин ҷо маросими пӯшидашавии «Фестивалҳои зардӯзӣ, заргарӣ ва кашидадӯзӣ» ба амал омад, ки ин маркази ҳунармандон дар доираи он кушода шуд.
Сарвари ҳунармандони ҷаҳон Саъд ал-Қаддумӣ ба ҳокими шаҳри Бухоро Ҷамол Носиров гувоҳномаро бобати соҳиби мақоми «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон» шудани Бухоро супурд. 
Тадбир бо барномаи консертии устодони санъат ва сарояндагони ҷавон ба поён расид.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: