БУХОРО – ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМ

БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН...

БУХОРО – ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМ
БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН...
(Эссе)
Соли 2020 бино ба қарори Созмони конфронси исломӣ доир ба масоили таълим, илм ва фарҳанг — АЙСЕСКО (ISESCO) шаҳри Бухоро «Пойтахти фарҳанги ислом» эълон гардид. Бояд гуфт, ки соли 2007 шаҳри Тошканд сазовори ин ном гардида буд.
Дар рушди таърих, фарҳанг, маънавият ва адабиёт Бухорои шариф ҷойгоҳи худро дорад. Нигоштаи зерин то ҷое далели ин гуфта мебошад.
Зиёрати Бухороро аз куҷо бояд шурӯъ кард?

Дар деҳаи Қирғизони ноҳияи Вобкенти вилояти Бухоро дида бу дунё кушодам. Забони таълим дар мактаб ӯзбекӣ буд. Қирғиз номи яке аз қабилаҳои ӯзбек бошад. Аҳли Бухоро бино ба салоҳдиди худ моро «қирғизон» меномиданд, ки ишора ба қабилаи мост. Номи деҳа низ аз ин ҷост.
Тасаввуроти кӯдакиам дар гирду пеш вуҷуд доштани забони дуюмро мисли муъҷиза қабул карда буд. Забони тоҷикиро шурӯъ аз се-чор солагӣ омӯхтаам. Модарам мактаби миёнаву омӯзишгоҳи тоҷикиро хатм намуда, чанд сол дар мактаби тоҷикӣ ба хонандагон дарс додааст. Баъди он, ки роҳи тақдир ӯро ба деҳаи мо овард, корро дар мактаби ӯзбекӣ идома дод. Дертар дар донишкада таҳсил гирифта, ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти ӯзбек ба кор шурӯъ кард. Аҷабо, модарам дар оила бо 9 фарзандаш боре тоҷикӣ ҳарф назадааст. Танҳо дар рафти суханронӣ бо байт, мақол ё ягон зарбулмасали тоҷикӣ фикрашро тақвият мебахшид. (Бародари хурдиам Мирзоаҳмад Олимов соли 2007 дар яке аз шумораҳои маҷаллаи «Сино» мақолаеро таҳти унвони «Ҳикматҳои аз Хадичабибӣ баёдгормонда» интишор дода, ба тафсилоти он суханони ҳикматнок пардохта буд). Модару фарзанд бо кадом забон, ки ҳарф зананд, фарзанд то охири умр бо ҳамон забон табодули афкор менамудааст. Бо модар бо забони дигар ҳарф задан сохтакорие беш нест.
Забони тоҷикиро мо, асосан, вақте меҳмонон аз ноҳияҳои Шофиркону Пешкӯ меомаданд, ё мо аз ҳоли хешу таборони онҷоӣ хабаргирӣ мерафтем, меомӯхтем. Баъзан бахти шунидани «Саломнома», мухаммасхониҳои форсии тоҷикӣ дар тӯйи тоҷикону ӯзбекони Бухоро инҷонибро насиб мегардид. 
Вақте дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон таҳсил доштам, ба донишҷӯён  забони форсӣ низ омӯзонида мешуд. Ба омӯхтани он аз таҳти дил камар бастам. Нахустин шеъре, ки дар ин даргоҳ аз ёд карда будам, қасидаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, ки бо сатри «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» оғоз меёбад. Дар ситоиши шеърҳое, ки на он қадар баланданд, баъзе адабиётшиносон бебаркаш ҳарф мезананд. Шеърҳои олӣ аз назарашон дур мемонад. Вале шеърҳои асиле ҳастанд, ки воқеан, худододанд. «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён...»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бешубҳа, аз ин гуна офаридаҳост. 
Ба сухани нафаре, ки рӯзгоре дар вилояти Бухоро бори роҳбарӣ бар дӯш дошт, гӯш андозед:
— Ба вилоятамон шахси соҳибҷоҳе меҳмонӣ омад. Бино ба супориш дар хидмати ӯ будам. Дар омади гап гуфтам:
— Шумо зиёрати Бухороро аз куҷо оғоз карданӣ ҳастед? Фикр кардам, ки мегӯяд: «Ихтиёр дар дасти шумо, охир шумо Бухороро аз ман беҳтар медонед». Вале ӯ, ғайричашмдошт, изҳор дошт:
— Дар навбати аввал ҷӯйи Мӯлиёнро зиёрат карданиам.
Дар ин ҳангом худ аҳволи маро пеши назар оваред. Бисёр ҷойҳои ҷолиби шаҳри шарифро хуб медонистам. Аммо намедонистам, ки ҷӯйи Мӯлиён кадом ҷӯй аст, аз куҷо убур мекунад, оё имрӯз низ вуҷуд дорад, агар вуҷуд дошта бошад, чӣ ном дорад?
Хайрият, ки муаррихон ва ходимони осорхонаҳо ҳастанд. Барои ҳалли мушкил ба онҳо занг задам. Ба зиёрати ҷӯй рафтем. Меҳмон дар соҳили он ба зону шишта ашк рехт, оби ҷӯй ҳарчанд гилолуд буд, ба каф гирифта як-ду ҷуръа нӯшид. Ин кори ӯ ба ҳайрати мо афзуд.
Ба ҷойи он, ки вай надонистаҳояшро аз ман суол кунад, ман аз ӯ пурсидам:
— Ин чӣ ҷӯю ҷоест? Чаро зиёрати Бухороро аз ин ҷо шурӯъ кардед?
Меҳмони мағрибӣ ба суолам бо суол ҷавоб дод:
— Оё Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро медонед? Як шеъри ӯро, ки бо сатри «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» оғоз меёбад, хондаед?

«Ватан аст ин, Ватан аст ин, Ватан аст...»

Агар аз шеърҳои Муҳаммад Фузулӣ сатре бихон гӯянд, мисраи мазкурро ба забон меовардам. Барои инсон эҳсосе нозуктар, бузургтар ва муассиртар аз эҳсоси Ватан вуҷуд надорад. Ҳама гӯшаеро, ки дар он ҷо хуни нофаш рехтааст, дӯст дорад. Ҳар дурафтода аз Ватан хоки онро ба чашм мисли сурма мемолад, обҳои зулолашро рӯйи каф гузошта бо ташнагии зиёд нӯши ҷон мекунад. Дар назди Ватан шоҳу гадо баробар аст. Ин ба амири Сомонӣ низ тааллуқ дорад.
Бояд гуфт, ки қабл аз ҳама худи Рӯдакӣ Бухороро пазмон шуда буд. Вақте суруд оғоз кард, дар баробари ӯ, созаш низ ба нолидан даромад. 
Дар асл рӯду об бӯй надоранд. Вале ба димоғи Рӯдакии шоир бӯйи гулу гиёҳҳои соҳили Мӯлиёни қадим зад, накҳати онҳоро эҳсос кард. Охир дар соҳили он рӯд боғҳои биҳиштосои Сомониён доман густурда буданд.
Ин суруди илоҳӣ шоҳу гадоро ба сӯйи Бухоро кашид. Меҳри Бухоро дар дили Рӯдакӣ беандоза буд. Ӯ дар як ғазалаш низ аз Бухоро ёд кардааст:
Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд.

Мӯлиён аз куҷо ба куҷо ҷорист?

Ҷӯйи Мӯлиён имрӯз низ вуҷуд дорад. 5-6 фарсах дуртар аз шимоли Бухоро, қасри тобистонаи Ситораи Моҳи Хосса ва шафати дарвозаи рамзии имрӯзаи Бухороро убур карда, ба сӯйи қибла ҷорист. Он маҷрояшро идома дода, аз ҳудуди собиқ хоҷагии ҷамоавии «Маданият»-и ноҳияи Бухоро гузашта, ба Ҷӯйи Зар, ки аз наздикии маҷмӯи ёдгории Чор Бакр мегузарад, мепайвандад. Шурӯъ аз аҳди Рӯдакӣ то солҳои 60-уми қарни сипаригардида сарчашмаи ҷӯй дарёи Зарафшон буд, ҳоло ба он ҷӯй тавассути насосҳои муқтадир аз дарёи Ому об кашида мешавад. 
Ҷӯйи Мӯлиён дар қарни XV маълуму машҳур будааст. Муаррих Аҳмад ибни Маҳмуди Бухорӣ дар асари таърихии худ «Таърихи Муллозода» овардааст, ки ба деҳаи Даймуни атрофи Бухоро тӯли шаш моҳ об наомад. Ниҳоят, вақте аз самти Ҷӯйи Мӯлиён ҷӯйи нав канданд, ба деҳа об омад. (Ниг. Аҳмад ибни Маҳмуди Бухорӣ, «Таърихи Муллозода». Дар зикри қабрҳои Бухоро. Тошканд,  «Янги аср авлоди», 2009, саҳ. 75).

Тарҷума ва таҷриба

Шеъри хуб ба дигар забон як бор тарҷума намешавад. Зеро бедеият ва нафосати ин ё он асар дар як таҷриба ба забони дигар намекӯчад. 
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар байни шоирони Мовароуннаҳр аз нахустин шоиронест, ки девони худро тартиб додааст. Биноан, ба ӯ лақаби «Одам-уш-шуаро»-ро додаанд. Қасидаи мавриди назар ба он андоза машҳур аст, ки дар адабиёти форс-тоҷик ба он беш аз 100 назира бастаанд. Имрӯз низ назирагӯйӣ ба ин шеъри дилнишину хушоҳанг идома дорад. 
Тарҷумаи ин қасида ба забони ӯзбекӣ аз нимаи дуюми қарни ХХ оғоз ёфтааст. Баъди ҳаллу фасли чаҳор тарҷумаи аввалин доктори илмҳои филологӣ, профессор Охунҷон Сафаров нигоштааст: «...Аз ҷониби чаҳор тан ба забони ӯзбекӣ чаҳор маротиба тарҷума шуда бошад ҳам, зарурати такмил додан, тарҷумаи мукаммали бадеии ин асари Рӯдакӣ тақозои давр аст». (О. Сафаров, «Лавҳаҳо аз таърихи ҳаракатҳои адабии Бухоро» (Мақола ва рисолаҳо). Бухоро, «Дурдона», 2015, саҳ. 17-18).
Дар ин ҷо матлаи қасидаи мавриди тарҷумаро меоварем ва ёдрас менамоем, ки мақсад муқоисаи онҳо нест. Дар ин ҷо интихоби вазн, қофия ва радиф аз ҷониби муаллифони тарҷума худ бе шарҳу тафсир аён мегардад.

1. Тарҷумаи М. Муинзода:

Мӯлиённинг ҳиди бу ёнга келур,
Ёр ёдида дил фиғонга келур.
   
2. Тарҷумаи Ш. Шомуҳаммедов:

Мӯлиённинг ҳиди бу ён келадур,
Меҳрубон ёр ёди шу он келадур.

3. Тарҷумаи С. Раҳмон:

Мӯлиён ҳиди бу ён келмоқдадур,
Ёдга ёри меҳрубон келмоқдадур.

4. Тарҷумаи С. Воҳидов:

Мулиённинг хуш ҳиди келгай бу он,
Эсга тушгай ёди ёри меҳрубон.

5. Тарҷумаи И. Назаров:

Мӯлиённинг ҳиди бу ён келадур,
Меҳрубон ёр ёди ҳар он келадур.

Аз намунаҳо ошкор мегардад, ки М. Муинзода, Ш. Шомуҳаммедов ва И. Назаров шеърро дар вазни ҳиҷо тарҷума кардаанд. Вале ҳарчанд баъзе сактагиҳои вазнӣ ба назар мерасад, С. Раҳмон ва С. Воҳидов қасидаро бино ба вазни арӯз тарҷума кардаанд.
Н. Шукруллоев панҷ тарҷумаро ба таври муқоиса омӯхта, дар ниҳояти кор, шеъри мазкурро худ ба забони ӯзбекӣ баргардондааст. Инак, матлаи он:
Мӯлиён жӯй иси бу ён келади,
Хаёлга ёри меҳрибон келади.
Тарҷумон саъй бинмудааст, ки ба аслият наздик шавад. Вале ин кор ҷозибаи шеърро то ҷое костааст. Барилова, дар муқоиса бо асл, тарҷума салис сурат нагирифтааст.
Дар интернет бо тарҷумаи Насимҷон Насимов бархӯрдем. Аз чӣ бошад, ки ду байти охирини шеър сарфи назар шудааст. Матлаи қасида бад-ин зайл аст:
Бӯйи ҷуйи Мӯлиён келгай ҳаме,
Ёди ёри меҳрибон келгай ҳаме.
Бо вуҷуди сактагиҳои ҷузъии вазнӣ, шеър ба вазни асл мутобиқ тарҷума шудааст. Ибораи «келгай ҳаме» ба оҳангнокии шеър афзудааст, танҳо бояд ёдрас кард, ки дар забони ӯзбекӣ калимае дар шакли «ҳаме» вуҷуд надорад.
Сухан кӯтоҳ, ин шоҳасари Рӯдакӣ ба забони ӯзбекӣ 7 маротиба тарҷума шудааст. Як чизро бояд фаромӯш накард, ки агар вазни арӯз дар назми ӯзбек бесобиқа мебуд, яъне Лутфӣ, Навоӣ, Бобур, Машраб, Увайсӣ, Нодира, Огаҳӣ, Муқимӣ, Фурқат барин шоирон онро мавриди истифода қарор намедоданд ва дар қарнҳои ХХ ва XXI шоирони боистеъдоде мисли Чустӣ, Эркин Воҳидов, Ҷамол Камол ин анъанаро идома намедоданд, имкони шеъри Рӯдакиро ба ин андоза салису равон тарҷума кардан вуҷуд надошт.
Инҷониб қариб ним аср бо тарҷумашиносӣ ва омӯзиши хусусиятҳои шеъри классикии форсию туркӣ сару кор дорад. Бо назардошти ин ҳама ва иштиёқ, сайъ бинмудам, ки бар дӯши хомаи хеш бори сангини тарҷумаи қасидаи мазкурро бигузорам. Сангбардор, бехабар аз ҳолатҳои равонию ҷисмонӣ, дар назди тамошобинон сангҳоро мебардорад. Танҳо тамошобин метавонад баҳо диҳад, ки ӯ сангро то куҷо озод бардошт. Мисли ҳамин, ба тарҷумаҳо, бигузор, хонанда баҳо диҳад. Инак, он қасидаи машҳури Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тарҷумаи инҷониб:  
     
Асл:

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Ому бо дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.

Тарҷума:

Мӯлиён бӯйи бу ён келгай ҳамон.
Ёди ёри меҳрибон келгай ҳамон.

Омунинг ӯйдум-чуқур қумлик йӯли,
Оёқ остида равон келгай ҳамон.

Дӯсти юзини кӯриб, Жайҳун суви,
Отимиз бели томон келгай ҳамон.

Мир Ой бӯлса, Бухоро — осмон,
Мир ҳам бу осмон келгай ҳамон.

Мир сарв-у, ул Бухоро — бӯстон,
Сарв, кӯрки, бӯстон келгай ҳамон.

Мадҳ этарман, фойдага келгай ҳамон,
Ганж топса гар зиён, келгай ҳамон.

Вақте ин навишта ба анҷом расид, онро ба баъзе мутахассисон равон кардам. Мақсад фаҳмидани фикру мулоҳизаҳояшон буд. Дар натиҷа ошкор гардид, ки қасидаи машҳури Рӯдакиро тарҷумашиноси шинохта Зуҳриддин Исомиддинов ва адабиётшинос Толибҷон Рӯзибоевҳо низ баргардонида будаанд. Бад-ин тариқ, тарҷумони як шеъри баландсанъат ба забони ӯзбекӣ ба 10 нафар расид. Инак, ба матлаъи тарҷумаҳо мутаваҷҷеҳ бошед.
Тарҷумаи З. Исомиддинов:
Мулиённинг суйи лим-лим оқадур,
Меҳрибон ёр ёди дилга ёқадур.

Тарҷумаи Т. Рӯзибоев:
Хуш ифори Мӯлиён келмакдадур.
Ёди ёри меҳрибон келмакдадур.

Султонмурод ОЛИМ,
адабиётшинос, тарҷумон ва шоир.

Ривоят

«...Рӯзгоре Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ба Бодғис ном манзиле меравад. Обу ҳавои хуш ва меваҳои он ҷо подшоҳро чунон сармаст мекунанд, ки чаҳор сол дар Бодғис монда, шаҳри Бухоро ва тахтгоҳи худро фаромӯш мекунад.
Дарбориён ва сарлашкарон ба танг омада, аз Рӯдакӣ, ки дар он сафар ҳамроҳ буд, мадад ҷустанд, то ин ки ба таъсири сухани вай подшоҳ ба ватан – Бухоро баргардад. Рӯдакӣ қабул кард. Вақте ки подшоҳ субҳ сабӯҳӣ мезад, ба наздаш омад ва ба ҷойи худ нишаст, чанг баргирифт ва дар ҳавои «Ушшоқ» қасидаро ба хондан шурӯъ кард...
Подшоҳ аз шунидани шеър ва созу овози Рӯдакӣ чунон мутаассир шуд, ки аз тахт фуруд омада, бе мӯза ба асп савор шуд ва роҳи Бухороро пеш гирифт...»
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: