ДӮСТИИ МО ПОЯНДА БОД!

Ду халқи ба ҳам бародар – тоҷику ӯзбек аз азал паҳлӯйи ҳам зиста, ҳамеша шарики ғаму шодиҳои рӯзгори якдигар будаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки маҳз бо саъю кӯшиши пешвоён ва раҳбарони оқили кунунии ду кишвар дӯстии халқҳоямон мустаҳкам шуданд ва ин дӯстии бардавом оҳиста-оҳиста ба бародарии ҳақиқӣ мубаддал гардид. 
Халқҳои моро адибон ва шоирони номвари ҳар ду ҷониб мисоли гӯшту нохун тасвир мекунанд, ки дуруст аст. 
Шоири вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода барҳақ сурудааст:
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Бале, боиси ифтихори мо, ҷавонон аст, ки миллати фарзонаи тоҷик аз қадимулайём тарғибгари дӯстӣ ва сулҳу субот буда, ҳар нафареро, ки ба нияти дӯстӣ ба қаламраваш пой гузоштааст, бо меҳру муҳаббат ва оғӯши гарм пешвоз гирифтааст. 
Тоҷикону ӯзбекон борҳо ҳамдигарро санҷидаву ба боварии ҳам сазовор гаштаанд. Намакхорагӣ, солҳои зиёди ҳамзистӣ, аз дастархони якдигар нон хӯрданҳо онҳоро водор кардааст, ки ҳамеша аз ҳаққи нону намаки ҳамдигар андешанд, онро пос доранд.
Дӯстии миллатҳои мо дар сиёсати оқилонаи раҳбари давлатамон акси худро пайдо кардааст. Ӯзбекистон имрӯз бо тамоми ҳамсоягони худ дар фазои сулҳу субот қарор дошта, рафтуомади аҳолиро ба кишвари ҳамдигар хеле сода кардааст, тамоми монеаҳо дар ин самт комилан бартараф шудаанд. Алоқаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо мустаҳкам шуда, дӯстии бародарона байни мардум  ривоҷ меёбад. 
Ногуфта намонад, ки Ӯзбекистон як давлати сермиллат аст. Қадимтарин бошандагони ин хок тоҷикон низ ҳастанд, ки бародарӣ ва баробарии онҳо ҳамеша ба суботи кишвар мусоидат мекунад ва ояндаи дурахшони моро таъмин месозад. Ин аст, ки ҳуқуқи тамоми миллатҳои маскуни Ӯзбекистон дар Конститутсия возеҳу равшан дарҷ гардидааст. Баробарҳуқуқии онҳо махсус таъкид мегардад, ба ягон миллат ҳуқуқ дода нашудааст, ки нисбати миллати дигар бо чашми кам нигарад. Ин аз талаботи ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба шумор меравад, ки кишвари мо дар ин самт суботкорона қадам мегузорад. 
Таърихи дӯстии тоҷикону ӯзбекон решаҳои қадима дорад. Агар баъзан бо кӯшиши баъзе кӯрдилон, ки дӯстии моро чашми дидан надоранд ва аз нифоқи мо манфиат меҷӯянд, ба ин дӯстӣ соя афтода бошад ҳам, раҳбарои оқили мо дар зудтарин фурсат бо хирадмандӣ ин сояро бартараф сохтаанд.  
Таъриху фарҳанги муштарак дӯстии моро борвар нигоҳ медорад ва вақте аз рафоқати мо сухан ба миён меоранд, муносибатҳои устодиву шогирдии шоирону мутафаккирони шаҳир Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ пеши назар падид меоянд. Дар ҳақиқат равобити ин ду марди фарзона намунаи беҳтарин ва олитарини дӯстии тоҷикону ӯзбекон ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ӯзбекистон муносибатҳои дӯстии тоҷикону ӯзбекон боз ҳам ривоҷ ёфта, онҳо ҳарчӣ бештар расми хуби аҷдоди бошарафи худро идома медиҳанд. Хоса дар даврони президентии Шавкат Мирзиёев ба дӯстии миллатҳои маскуни Ӯзбекистон эътибори ҷиддӣ дода мешавад ва аз ҷумла, ба  алоқаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои бародаронаи тоҷикону ӯзбекон. 
Бо боварии том метавон гуфт, ки дӯстии ҳақиқӣ минбаъд низ моро ба мақсадҳои нек ва шоён раҳнамоӣ хоҳад кард.

Шаҳло ШОДМОНҚУЛОВА, 
донишҷӯйи соли сеюми гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тирмиз. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: