22 апрел Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии корҳое, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бахши электротехника иҷро шуданд ва вазифаҳои минбаъда шинос шуд.
Ин шабака яке аз драйверҳои саноати мамлакат мебошад. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми содирот 7 баробар афзуда, ҷуғрофиёи он ба 63 давлат расидааст. Ҳоло дар ин шабака қариб 500 корхона фаъолият доранд ва дар онҳо беш аз 27 ҳазор ҳамватанон меҳнат мекунанд.
Бо мақсади афзунсозии ин иқтидор Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 январи соли равон “Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди ба марҳилаи нави рушд баровардани саноати электротехника” имзо гардид. Тибқи он ҷиҳати ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланд, ҷалби сармоя ва брендҳои хориҷӣ, рушди корҳои таҷрибаву лоиҳакашӣ чораҳо андешида мешаванд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсолот дар шабака аз 7 триллион сӯм афзуд. Қариб ба маблағи 310 миллион доллар маҳсулот содир гардида, ин рақам 1,3 баробар афзудааст.
Дар ин муддат 55 миллион доллар сармоя аз худ карда шуд. Аз ин 48 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ва кредитҳо мебошад.
Аз рӯйи истеҳсоли маҳсулоти харидоргир таҳти тамғаҳои хориҷӣ лоиҳаҳо ба маблағи умумии 900 миллион доллар ташаккул дода шуд. Ҳоло ҷиҳати тавофуқи раванди техникӣ, роҳандозии технологияҳои зарурӣ корҳо идома доранд.
Дар тақдимот роҷеъ ба нақшаҳои асосии барои семоҳаи дувум ва то охири сол пешбинишуда низ маълумот дода шуд.
Соли ҷорӣ ба 43 триллион сӯм расонидани ҳаҷми истеҳсолот, маҳалликунонии маҳсулот ба маблағи қариб 5 триллион сӯм дар назар аст. 71 лоиҳа ба маблағи умумии 656 миллион доллар амалӣ гардида, таъсиси 4600 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Ба 1 миллиарду 700 миллион доллар расонидани ҳаҷми содирот, ба 68 давлат расонидани ҷуғрофиёи он ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлатамон муҳим будани интихоби масири муносиби рушд ва зуд мутобиқ шудан ба талаботи бозор дар саноати электротехникаро дар шароити тағйирёбии иқтисоди ҷаҳон таъкид кард.
Зарурати амиқсозии маҳалликунонӣ, дастёбӣ ба маҳсулоти дорои арзиши баланд, барои истифодаи технологияҳои муосир омода кардани кадрҳои ботаҷриба қайд карда шуд.
Ба масъулин супориш дода шуд, ки бо ҳар як корхонаи шабака ҳамкорӣ намуда, масъалаҳои дар силсилаҳои саноатӣ ва логистикӣ ба миён омадаро ҳал кунанд, ҷуғрофияи содиротро диверсификатсия ва бозорҳои нав пайдо намоянд.