Маросими бошукӯҳи истиқболи Сарвазири Ҳиндустон баргузор гардид

Дар қароргоҳи «Кӯксарой» маросими бошукӯҳи истиқболи Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки бо сафари давлатӣ ба кишвари мо омадааст, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадрро самимона истиқбол намуда, ӯро ба шоҳсуфа даъват кард.

Парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост. Суруди миллии Ӯзбекистон ва Ҳиндустон садо дод.

Сарони ду кишвар аз назди сафҳои қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.

Пас аз аксбардории муштарак музокироти сатҳи олӣ оғоз ёфт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: