ЧОРАБИНИҲОИ БЕҲСОЗИИ БАҲИСОБГИРИИ ЗАМИН ВА ХИДМАТИ КАДАСТР МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Президент Шавкат Мирзиёев 27 октябр доир ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои замин, беҳсозии баҳисобгирии замин ва хидматрасонии кадастрӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Дар солҳои охир дар ин соҳа корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Аз он ҷумла, барои ченакҳои топографӣ ба Агентии кадастр самолёт ва аэрофотоаппарати махсус, 112 дрон пешниҳод гардида буд. Барои рақамисозии соҳа 6 низоми иттилоотӣ ва пойгоҳи маълумотҳо роҳандозӣ гаштааст.
Ба туфайли ин дар се соли охир харитаи электронии 96 фоизи замин ба вуҷуд оварда шуд. Ба пойгоҳи андозбандӣ 40 миллион гектар замин дохил карда шуда, ба қайд гирифта шудааст. Бо низоми кадастр 790 ҳазор сохтмони нав ва 520 ҳазор сохтмони қаблан берун аз ҳисоб фаро гирифта шуд. Аз ҳисоби ин манбаи даромад ба буҷа дар ҳаҷми 1,1 триллион сӯм ба вуҷуд оварда шуд.
Инчунин 425 ҳазор гектар замин дар байни 675 ҳазор иқоматкунанда ва фермерон ба туфайли расмӣ намудани кадастрии 1,2 миллион гектар замини киштукор, ки дар захира қарор дошт, тақсим карда шуд.
Аммо дар соҳа ҳанӯз кор бисёр аст. Аз он ҷумла, кадастри 146 ҳазор километр роҳҳои дохилӣ ва ҳудудҳои ҳамшафати он расмӣ гардонда нашудааст.
Чунин вазъият дар хоҷагии об низ вуҷуд дорад. Заминҳои озоди атрофи ҳавзаҳо, каналҳо ва коллекторҳо метавонанд ба сокинон ва соҳибкорон аз тариқи ауксион дода шавад. Аммо ҳоло аз 827 ҳазор гектар замини фонди об танҳо 380 ҳазор гектараш соҳиби ҳуҷҷати кадастр мебошад.
Бинобар ин ба итмом расондани тартиб додани кадастри фонди роҳ ва об ва ба вуҷуд овардани шароит барои истифодаи онҳо супориш дода шуд. Таъкид шуд, ки ба туфайли он 1 миллион нафарро бо кор таъмин намудан мумкин аст.
Бинобар ҳисобу китоб, 2,4 миллион ҳавлӣ дар ҷумҳурӣ соҳиби ҳуҷҷати моликият нестанд. Бидуни расмӣ намудани кадастр онҳо аз лиҳози ҳуқуқи иқтисодӣ маҳдуд мебошанд. Аз ин рӯ вазифа гузошта шуд, ки таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи во гузоштани ҳуқуқи мулки хусусӣ барои иморати ғайрирасмӣ ба итмом расонда шавад.
Инчунин пешниҳод гардид, ки тоифаи 817 ҳазор гектар замин тағйир дода шавад, ки онҳо солҳои дароз барои иқомат истифода мешаванд, аммо бинобар ҳуҷҷатҳо чун замини муқаррароти хоҷагии қишлоқ боқӣ мемонанд.
Масъалаи сарбории мақомоти кадастр низ аз масъалаҳои муҳим боқӣ мемонад. Имсол 1,5 миллион хидмати кадастр расонда шуда, аз он 600 ҳазортояш бо тартиб додани парвандаи кадастр алоқаманд буданд. Бо ин 25 фоизи ходимони соҳа машғул мебошанд, сарбории кори онҳо ду баробар афзуд.
Бинобар ин дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд ба тариқи озмоиш институти муҳандиси кадастри хусусӣ ҷорӣ гардида буд, фаъолияти 165 муҳандисии хусусии кадастрӣ ташкил гардида буд.
Бинобар ин пас аз ҷамъбасти озмоиш ба соҳа ҷалб намудани сектори хусусӣ ба нақша гирифта шудааст. Шаҳрвандон метавонанд ба кадастри хусусӣ ва ё давлатӣ бинобар интихоби худ муроҷиат намоянд. Барои ин маълумотҳо дар бораи объектҳои ғайриманқул ба низоми нави маълумотҳои «УЗКАД» гузаронда мешавад, аз 1 июли соли 2024 дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ муҳандисони хусусии кадастрӣ фаъолияти худро оғоз менамоянд.
Роҳбари давлат ногузирии афзудани ҳаҷм ва сифати хидмати кадастр, тарбияи кадрҳои баландмалака, бо илм ҳамоҳанг намудани соҳаро дар ҳоли эътибори алоҳида нигарондан ба рақамисозӣ таъкид намуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: