Роҳи ағбаи "Тахтақорача" барои ҳаракати мошинҳо муваққатан баста шуд

29 январ ағбаи "Тахтақорача" барои ҳаракати нақлиёт муваққатан баста шуд.

Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати вазъиятҳои фавқулодда, аз соати 10:20 дар шоҳроҳи М-39, ки аз ҳудуди ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё мегузарад, бар асари бориши барф дар ағбаи "Тахтақорача" ҳаракати нақлиёт муваққатан баста шуд.

Мутахассисон барои рафъи оқибатҳо машғуланд.

Идора баробари анҷоми кор маълумоти иловагӣ медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: