Гимнастҳои ӯзбекистонӣ бо ҳафт медал марҳилаи Ҷоми ҷаҳонро анҷом доданд

Натиҷаҳои марҳилаи Ҷоми ҷаҳон оид ба гимнастикаи бадеӣ дар Тошканд ҷамъбаст шуд.

Дар он мунтахаби Ӯзбекистон 2 медали тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овард.

Дирӯз Таҳмина Икромова дар машқ бо гурз медали нуқра ва Наталя Усова медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Инчунин, дар машқи гурӯҳӣ бо 3 лента ва 2 тӯб ҳамватанони мо Шаҳзода Иброҳимова, Мумтозабону Исҳоқзода, Эвелина Аталянс, Амалия Мамедова, Ирода Содиқова хазинаи дастаи моро бо ҷоизаи нуқра пурра намуданд.

Ғолибони мунтахаби Ўзбекистон:

Тилло:

Таҳмина Икромова (халқа)

Таҳмина Икромова (тӯб)

Нуқра:

Таҳмина Икромова (ҳама намуд)

Таҳмина Икромова (гурз)

Таҳмина Икромова (лента)

Машқҳои гурӯҳӣ (3 лента ва 2 тӯб)

Биринҷӣ:

Наталя Усова (гурз)

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: