ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ НИЗОМИ НАВИ СОХТМОНИ МАНЗИЛ МУАЙЯН КАРДА ШУДАНД

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 ноябр ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба муҳокимаи чорабиниҳо оид ба татбиқи низоми нави таъмини аҳолии шаҳр ва деҳот бо манзил баргузор гардид.

Бо мақсади бо манзили муносиб таъмин намудани аҳолӣ дар се соли охир 104 ҳазор воҳид манзили арзон, аз он ҷумла 63 ҳазор дар деҳот ва 41 ҳазор дар шаҳрҳо бунёд гардид.
Сарфи назар аз ин, суръати сохтмони манзил талаби афзояндаи мардумро қонеъ карда наметавонад. Беш аз 36 ҳазор муроҷиат дар робита бо масъалаи манзил, ки ба Қабулхонаҳои халқӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ расидааст, аз ин далолат менамояд.
Аксарият аз сифати хона норозӣ аст. Баъзе мавзеъҳое, ки дар деҳот бунёд гаштааст, ба шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ васл нагаштааст. Хонаҳои нофурӯхта мавҷуд, дар баъзе иморатҳо бозгардондани кредит масъалаи душвор гаштааст.
Сабаби ин ва дигар камбудиҳо аз он иборат аст, ки сохтмони иморати арзон манбаи босуботи таъмини молиявӣ надорад ва асосан аз ҳисоби маблағи буҷа сохта мешавад. Рақобат дар ин система заиф мебошад, сектори хусусӣ дар он ба таври бояду шояд иштирок надорад.
Бинобар ҳисобу китоби ташкилотҳои байналхалқӣ, барои таъмини пурраи талаби аҳолӣ ба манзил соле 145 ҳазор квартира бояд сохта шавад. Барои ин соле қариб 30 триллион сӯм зарур мебошад.
Аз ин рӯ, аз соли оянда дар бобати таъмини аҳолӣ бо манзил низоми нав амал хоҳад кард. Аз ин баъд сохтмони манзил на аз ҷониби давлат, балки аз тарафи сектори хусусӣ ба амал оварда мешавад. Давлат талабро ба манзил аз тариқи ҷудо намудани кредити ипотека барои аҳолӣ аз рӯи шартҳои муносиб дастгирӣ хоҳад кард. Ҳаҷми захира барои кредити ипотека минбаъд бино бар принсипи бонк ва минтақа маҳдуд намегардад.
Бинобар муҳокимаҳои пешниҳоди мазкур дар маҳалҳо соҳибкорони бинокор ба ин бархурди хуб зоҳир намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки агар дастрасии аҳолӣ ба кредит осон гардад, имконоти сохтмони манзил бо нигоҳ доштани дараҷаи нархи имрӯз васеъ мегардад, аммо ҳамзамон сифати кор низ беҳтар мегардад.
Бинобар ин, аз ин пас сохтмони манзил дар шаҳрҳо ба тартиби зерин ба амал татбиқ мегардад.
Якум – воҳидҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби маблағи хусусӣ ва аз берун ҷалбгардида дар пойтахт ва дигар шаҳрҳо иморатҳоро иборат аз 13 ҳазору 750 квартира месозанд. Бо масъалаи лоиҳакашии иморатҳо соҳибкорон низ машғул мегарданд.
Дуюм – қитъаҳои замин барои сохтмони манзил аз тариқи ауксион ҷудо карда мешавад. Пайваст кардани иморатҳо ба шабакаҳои таъмини об ва канализатсия, сохтмони роҳҳои автомобилии шафати онҳо аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ таъмин карда мешавад.
Сеюм – барои рақобати солим байни бонкҳо Вазорати молия барои онҳо аз тариқи ауксион маблағро қариб дар ҳаҷми 3 триллион сӯм барои минбаъд ҷорӣ намудани кредити ипотека ҷудо менамояд. Ғайр аз ин бо ҷалб намудани маблағ аз Бонки осиёии рушд компанияи таъмини такрории молиявии ипотека ташкил карда мешавад. Он маблағро дар бонкҳо ба сифати захираи иловагӣ барои ҷудо намудани кредити ипотека барои сохтмонҳои нав ҷойгир хоҳад кард.
Чорум – низоми комилан нав ва аз ҳама муҳимаш системаи дақиқи дастгирии қишри камтаъмини аҳолӣ ба амал татбиқ карда мешавад. Аз буҷа субсид ба 10 ҳазору 800 хонаводаи шаҳрии эҳтиёҷманд барои сарпур намудани аъзобадалии ибтидоӣ ва пардохти фоиз аз рӯи кредит ҷудо карда мешавад. Ин маблағ барои сарпур намудани фоиз дар қисми ставкаи кредит, ки дар шаҳри Тошканд беш аз 12 фоиз ва дар дигар минтақаҳо 10 фоизро ташкил менамояд, равона карда мешавад.
Дар ҷамъомад ба роҳбарони вазорат ва ташкилотҳои масъул супориш дода шуд, ки бинобар тартиби нав қитъаҳои заминро барои сохтмони манзил интихоб намоянд ва ба ауксион гузоранд, нархи миёнаи бозории манзилро барои ҳисобу китоби қимати болоии кредит муайян намоянд.
Инчунин масъалаҳои ислоҳи низоми сохтмони манзил дар деҳот, зина ба зина гузарондани вазифаи фармоишгар аз ширкати муҳандисии «Қишлоқ қурилиш инвест» ба сектори хусусӣ муҳокима гардиданд.
Таъкид ёфт, ки минбаъд иморат дар деҳот на ба тарзи қатор дар шафати роҳ, балки дар намуди мавзеъҳое, ки ба шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо ҳамҳудуданд, сохта хоҳанд шуд. Минбаъд ин имкон медиҳад, ки ноҳияҳо ба мавзеъҳои калони аҳолинишин табдил ёбанд, ки ин сарбории инфрасохторро сабук намуда, фаъолии иқтисодии аҳолиро баланд месозад ва аз захираи замин ҳарчи бештар босамар истифода бурданро имконпазир месозад.
Зимни ҷамъомади видеоселектор ба роҳбарони маҳаллӣ супоришҳои дақиқ дар иртибот бо ҷудо намудани замин ва кредит барои чунин мавзеъҳо, таъмини онҳо бо инфрасохтор, дастгирии қишри аҳолии аз лиҳози иҷтимоӣ эҳтиёҷманд дода шуданд.
Президент ногузирии решакан намудани зуҳуроти ҷӯрабозӣ ва дигар сӯиистифодаро дар ҷараёни пардохти субсид барои аъзобадалӣ ва фоизи ибтидоӣ аз рӯи кредити ипотека таъкид кард. Бечунучаро дарёфт намудани субсидро аз ҳисоби буҷа барои маҳз шаҳрвандони тоифаи аз лиҳози иҷтимоӣ заиф таъмин намудан ногузир аст.
Соли оянда аз буҷа қариб 1 триллион сӯм субсид ҷудо карда мешавад, ки ба туфайли ин маблағ барои харид намудани манзил дар шаҳру деҳот барои 16 ҳазор хонавода кӯмак мегардад.
Аҳолӣ дар идораҳои зиёд бо коғазу ҳуҷҷатҳои бисёр, ки барои дарёфти субсид заруранд, сарсон намегардад. Аз ин пас ариза аз ҷониби комиссияҳои доимии идораҳои ҳудудии Вазорати иқтисодиёт ва саноат баррасӣ мегардад, ки онҳо руйхати мақсадноки оилаҳои камтаъминро тартиб хоҳанд дод.
Ба таркиби комиссия намояндагони бонк, хидматҳои молиявӣ ва андоз, мақомоти меҳнат, маҳалла ва дигар идораҳо дохил мешаванд. Ғайр аз ин ҳар як шаҳрванд соҳиби имкони дар маҷлисҳои комиссия иштирок намудан ва ибрози фикрро дорад, масъалаи дарёфти субсид дар натиҷаи муҳокимаи васеи ҷамъиятӣ бояд ҳал гардад.
Ба ҳокимиятҳои вилоятҳо супурда шуд, ки оилаҳои камтаъмин барои дарёфти манзил соли 2020 муайян карда шуда, тартиб ва маҳаки пардохти навбатии субсид, татбиқи таҷрибаи мусбӣ дар минтақаҳои худро таҳия намоянд.
Соли оянда ширкатҳои муҳандисии «Ӯзшаҳр қурилиш инвест» ва «Қишлоқ қурилиш инвест» сохтмони 4250 иморатро дар шаҳрҳо ва 8 ҳазор иморатро дар деҳот идома медиҳанд.
Барои бартарафсозии ҳолатҳои кашолёбии иморатҳои сохташуда низоми таъмини молиявии сохтмон дар шаҳрҳо такмил дода мешавад. Рӯйхати талабгорони манзил тартиб дода шуда, то ҷамъоварӣ нагардидани миқдори аъзобадалии ногузир таъмини молиявии сохтмон оғоз намегардад.
Бонкҳое, ки дар шаҳрҳо харидорони манзилро муайян намудаанд, ки соли 2020 аз рӯи низоми ҷорӣ сохта мешаванд, низоми таъмини молиявии сохтмонро аз ҳисоби кредити ипотека, ки аз ҷониби миҷоз ҷудо карда мешавад, ба амал татбиқ менамоянд.
Президент ба ногузирии истифодаи васеи масолеҳи сохтмони инноватсионӣ барои арзон кардани нархи манзил ва баланд бардоштани сифати он ишора намуд.
Ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба охир расондани ҷудо намудани замин барои сохтмони манзил, интихоби пудратчиён ва то муддати 1 марти соли 2020 таъмин намудани оғози кор супурда шуд.
– Дар сиёсати манзил мо ба низоми нав мегузарем. Дар ин ҷараён роҳбари ҳар як минтақа вазифадор аст, ки масъулиятро ба зиммаи худ гирифта, дар соҳаи сохтмони манзил таҷрибаи хоси худро ташаккул диҳад. Аз ин пас аз ҳокимон на дар бораи миқдори иморатҳои сохташуда, балки дар бораи ба соҳа чӣ қадар соҳибкоронро ҷалб намуданаш, барои онҳо чӣ қадар ҷудо намудани замин, дар бораи ба вуҷуд овардани инфрасохтор, сифати манзил ва миқдори одамони қонеъ мепурсем, – гуфт роҳбари давлат.
Ба комиссияи ҷумҳурӣ оид ба сохтмон ва фурӯши манзил назорати кори сохтмон бевосита дар маҳалҳо супурда шудааст.
Ба ҳокимон зарурияти эътибори алоҳида нигарондан барои бунёди манзил дар қитъаҳое, ки аз бино ва иншооти кӯҳна холӣ карда шудааст ва ҳамчунин роҳ надодан ба аз байн бурдани амволи  ғайриманқуле, ки ҳанӯз ба соҳибаш ҷубронпулӣ пардохта нашуда, ҳанӯз тамоми талаботи қонунии ӯ иҷро нагаштааст, супурда шуд.
Таъкид гардид, ки роҳбари мақомоти давлатӣ нафақат барои обрӯйи худ, балки барои обрӯйи идораи зери дасташ масъул мебошад, аз ин рӯ зарур аст, ки ӯ хоксор бошад, дар мулоқот бо мардум ва воситаҳои ахбори оммавӣ сангин ва боодоб буда, бо назардошти қонунгузорӣ қарор қабул намояд.
Бино бар масъалаҳои муҳокимагардида маълумоти шахсони масъул шунида шуда, вазифаҳои бартаринок барои оянда муайян карда шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: