«СЕНТОБ» – КИТОБИ ХОНДАНӢ

Солҳои охир ҷевони китоби моро китобҳои гуногунмавзӯъ ғанӣ мегардонанд.

Ба қарибӣ китоби Деҳқонбой Қудриддинов бо номи «Сентоб» аз тариқи нашриёти «Chinor fayzi baland»-и Тошканд ба забони давлатӣ рӯйи чопро дид. 

Номбурда филолог, корманди соҳаи ҳуқуқу тартибот буда, худ зода ва парвардаи деҳаи Синтоби ноҳияи Нуратост. Ҳоло дар вазифаи раиси ҷамоати собиқадорони хидмати гумруки ҷумҳурӣ кор мекунад.
Рисола аз даҳ қисм – «Муқаддима», «Синтоб де-ҳаи сайёҳӣ», «Тараққиёти хоҷагии деҳот», «Инкишофи тиб ва таълими халқ», «Рушди техника», «Комёбиҳои савдову бозор ва мағозаҳо», «Ободгардонии Мирзочӯл» ва ғайра иборат аст.
Он бо пешгуфтори ҳокими ноҳияи Нурато Азамат Файзиев таҳти унвони «Сентоб – деҳаи бемисле, ки сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд» оғоз меёбад.
«Солҳои охир, — менависад ҳокими ноҳия, — дар Ӯзбекистони Нав аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев ба инкишоф додани сайёҳии хориҷӣ ва дохилӣ эътибори зиёд дода мешавад. Ин аст, ки дар кишвари мо самти сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои устувор рушд ёфт.
Ба хусус замини Нурато, ки дар мамлакатамон бо зиёратгоҳҳои қадимӣ, кӯҳ-сори пурвиқор, дашту саҳроҳои беҳудуду бепоён, кӯлу ҳавзҳои бузург, ҳавои тозаву мусаффои худ мавқеи сазовор дорад, агар гӯем, ки ба маскани боиси эътибори зиёди сайёҳон табдил меёбад, муболиға намешавад.
Яке аз ин гуна ҷойҳои диданиву ҷолиб деҳаи Синтоб аст. Он дар қисмати шимолии силсилакӯҳҳои Нурато маскан гузида, бо ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ҳамҳудуд мебошад. Дар ин ҷо тақрибан 3 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд, деҳа бо таърихи куҳан, мероси маданӣ, гузаштаи дури худ, ҳувиятҳои миллӣ, урфу одатҳои бостониаш, ки то ҳол ҳифз шудаанд, аз деҳоти дигар тафриқа дорад».  
Синтобро мардуми маҳаллӣ «Синтаб» ҳам меноманд. Рисолаи мазкур дар бораи таърихи деҳа, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, таркиби авлод (уруқ), урфу одат, тӯю маърака, шахсиятҳои машҳур, инчунин онҳое, ки баъдан дар вазифаҳои баланди гуногун кор кардаанд, гоҳ муфассал ва гоҳ мухтасар ҳикоя мекунад.
Ба таъбири номзади фанҳои таърих Баҳриддин Рӯзиев, ки барои он сарсухан навиштааст, «Рисоларо ҳар як хонанда мутолиа карда, воқиф мегардад, ки мардуми Синтоб бениҳоят меҳрубону заҳматкаш мебошанд. Де-ҳа, ҳарчанд хурд аст, дар он инсонҳои бузургу фидокор ва бомаърифат ба камол расидаанд, ки умри худро барои ривоҷу равнақи Ватан нисор намудаанд».
Рисола аз фактҳои ҷо-либ фаровон аст.
Бо Фармони Президент ва қарори Девони Вазирон ба Синтоб дода шудани мақоми деҳаи сайёҳӣ ва ба феҳристи деҳаҳои сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дохил шудани он муҳаббати тамоми сокинони онро нисбат ба Ватани бузург дучанд мекунад.
Дар ду мактаби миёнаи деҳа таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Аз ин сарзамини дурдасту қадимии кӯҳистон донишмандон, муарриху меъморон, шоиру нависандагон, муҳандису варзишгарон, инсонҳои ҳу-нарманду соҳиби касбу пешаҳои гуногун ба камол расидаанд. Ҷойи зикр аст, ки аҳли ин деҳаи кӯҳӣ забони модарии худро чун гаҳвараки чашм пос медоранд. Забону адабиёти форсизабонони ин минтақа побарҷост. 
«Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардааст», – мефармояд шо-ири зиндаёд Лоиқ Шералӣ. Воқеан, замину табиати дилкашу босахои кӯҳистон дилҳоро ҳассосу шеърпарвар мегардонад. Донишманде беҳуда нагуфтааст: «Шахсони бузург дар деҳот таваллуд шуда, дар шаҳрҳо ба камол мерасанд».
Синтоб аз ҷумлаи деҳаҳоест, ки таъбири фавқро тасдиқ мекунад. Ин деҳаи кучаку зебо фарзандонеро ба воя расондааст, ки ифтихори мардуми он мебошанд. Дар рисолаи «Сентоб» дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумот ҳаст.
Умумун, китоби «Сентоб» барои онҳое, ки мехоҳанд аз таърих, сарнавишт,  пешрафт ва имрӯзу фардои деҳаи қадима огоҳӣ дошта бошанд, дархур ва шавқовар аст. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: