Президенти Ўзбекистон ва муовини аввали Котиби генералии СММ татбиқи Мақсадҳои рушди устувори мамлакатамонро баррасӣ намуданд

  • Президенти Ўзбекистон ва муовини аввали Котиби генералии СММ татбиқи Мақсадҳои рушди устувори мамлакатамонро баррасӣ намуданд
  • Президенти Ўзбекистон ва муовини аввали Котиби генералии СММ татбиқи Мақсадҳои рушди устувори мамлакатамонро баррасӣ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 июн бо муовини аввали Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, ки дар кишварамон бо боздид қарор дошт, мулоқот анҷом дод.

Ба таркиби ҳайати созмони асосии байналмиллалӣ роҳбари Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо Олга Алгаерова ва ҳамоҳангсози доимии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон Роли Астхона низ шомиланд.

Масъалаҳои мубрами тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманд бо институтҳо ва марказҳои СММ дар доираи татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар кишвари мо баррасӣ шуданд.

Сарвари ҳайат ба роҳбари Ӯзбекистон саломи самимӣ ва орзуҳои беҳтарини Дабири кулли Созмон Антониу Гутерришро расонд. Тавре зикр гардид, СММ ба сиёсати ошкоро ва прагматикӣ, инчунин барномаи ислоҳоти куллии Ӯзбекистони нав, ки ба вазифаҳои асосии рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 комилан мувофиқ аст, баҳои баланд медиҳад.

Дар айни ҳол Ўзбекистон бо тамоми сохторҳои СММ фаъол ҳамкорӣ менамояд –  якҷоя беш аз 200 лоиҳаро оид ба самҳои гуногун татбиқ менамояд.  Кишвари мо узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ мебошад.

Солҳои охир бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон як қатор қатъномаҳои муҳими махсуси Ассамблеяи Генералии Созмон қабул карда шуданд. Ба ғайр аз ин, Фонди трастии СММ барои минтақаи Арал, ки минтақаи инноватсия ва технологияи экологӣ  эълон шудааст, таъсис дода шуд.

Ҳамкории самарабахши амалӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Комиссияи иқтисодии Аврупо, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, ЮНИДО, ФАО ва дигар сохторҳои созмони ҷаҳонӣ вусъат меёбад.

Дар рафти мулоқот ба идома додани алоқаву мубодилаҳои интенсивӣ, амиқсозии ҳамкорӣ ва татбиқи чорабиниҳои муштарак  барои таъмини иҷрои мақсадҳои асосии Ҳадафҳои рушди устувор дар Ӯзбекистон, ки пеш аз ҳама беҳтар гардондани сифати зиндагӣ ва баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ нигаронда шудаанд, эътибори алоҳида дода шуд.  

Паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешбурди ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, татбиқи стратегияи миллии баробарии гендерӣ, рушди босуръати энергетикаи “сабз”, ҷорӣ намудани инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, навсозии инфрасохтор ва ғайра ҳамчун самтҳои афзалиятноки шарикӣ муайян карда шудаанд.

Инчунин оид ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад пешрафти назаррасеро, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикӣ дар минтақа ба даст овардаанд, бо қаноатмандии амиқ қайд кард.

Вай инчунин талошҳои Ӯзбекистонро оид ба мусоидат ба таъмини сулҳи дарозмуддат ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, аз ҷумла тавассути пешбурди лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ ва энергетикӣ дастгирӣ намуд.

Бинобар ҷамъбасти музокирот дар бораи татбиқи маҷмӯи чораҳои муштарак оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории васеъмиқёси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ниҳодҳо ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар асоси “харитаҳои роҳ”-и қабулшуда мувофиқа ба даст омад.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: