МАТЕМАТИКА – АСОСИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ

Дар мамлакатамон соли 2020 Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон гардид.

Роҳбари давлатамон вақте дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис дар ин хусус ҳарф мезад, таъкид намуд, ки бояд ҳар сол чанд самти устувори илму фан ривоҷ дода шавад ва пешбинӣ гардид, ки соли равон дар бахши математика, кимиёву биология ва геология ба тадқиқотҳои фундаменталию амалӣ такон бахшида хоҳад шуд.
Президент 31 январи соли равон ба мақсади ошноӣ бо институтҳои илмию тадқиқотӣ ташриф оварда бо аҳли илм дар ин хусус мулоқот ороста буд. 
Хабарнигорамон бо директори Институти математикаи ба номи В. Романовскийи Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон, академик, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Шавкат Аюпов доир ба ин ташриф ва вохӯрии роҳбари давлат бо аҳли илм суҳбат орост.
– Муҳтарам, Шавкат Абдуллоевич, сафари роҳбари давлатамон ба институтҳои илмию тадқиқотӣ ба Шумо чӣ таассурот боқӣ гузошт?
– Дар Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ мулоқоти сарвари давлатамон бо олимони саршиносу ҷавони институтҳои илмию тадқиқотӣ ва донишҷӯён, ки бо илму маърифат сарукор доранд, басе рамзӣ буд. Дар Муроҷиатномаи Президент омадааст, ки бояд ҳар сол чанд самти устувори илму фан ривоҷ дода шавад. Имсол бояд дар бахши фанҳои дақиқ, ба мисли математика, химия, биология ва геология тадқиқотҳои фундаменталию амалӣ ҷоннок карда шаванд. Умуман, ду-се соли охир дар мамлакатамон ба рушди илму фан эътибори ҷиддӣ дода мешавад, зеро рушди иқтисодиёт ба рушди илму фан бастагии зич дорад. Татбиқи қонун «Дар бораи илму фан ва фаъолияти илмӣ», ки 19 октябри соли 2019 қабул шудааст, дар ин росто заминаи мусоид фароҳам меоварад.      
Роҳбари давлат дар мулоқот хеле барҳақ гуфт, ки «Математика асоси ҳамаи фанҳои дақиқ мебошад. Доираи тафаккури хонандае, ки ин фанро хуб медонад, вусъат меёбад». Бале, донишҳои математикӣ ақлу шуури инсонро варзида месозанд. Хонандае, ки фанни математикаро хуб медонад, дигар фанҳоро ба осонӣ аз худ менамояд. Хоссатан, иқтисоддону  инженер бе ин фан қадаме ба пеш гузошта наметавонад.   
Президентамон дар рафти мулоқот ҳамчунин доир ба бартараф намудани мушкилиҳои соҳа маслиҳатҳои муфид дод. Бе рағбатноксозии моддию маънавӣ илм ривоҷ намеёбад.Тӯли се соли охир ба мақсади рағбатноксозии моддии ходимони илмӣ музди меҳнати онҳо се баробар зиёд карда шуд. Барои доктору номзадҳои илм иловапулӣ таъин гардид. Ин ҳама дасту дили олимонро барои тадқиқотҳои фундаменталию амалӣ гарм месозад.
Боиси хушнудист, ки дар доираи иҷрои қарори сарвари мамлакатамон доир ба рушди минбаъдаи фанни математика ва таълими он дар шаҳраки Донишҷӯёни пойтахт бинои нави Институти математикаи Фарҳангистони улум бунёд мегардад.
Суханони зерини сарвари давлатамон: «Акнун олимонамон бояд масъулиятро амиқ ҳис карда, бо тадқиқотҳои амалӣ ба рушди соҳаҳои дахлдор саҳми сазовор гузоранд. Аз академикҳо ва олимони ҷавоне, ки дар ҷодаи илм қадамҳои нахустини худро мегузоранд, шуҷоат ва натиҷаҳои амалӣ талаб карда мешавад», ба дӯши аҳли илм бори масъулият гузошт.
Соли 2020 Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон шуд, гуфтем. Иқтисодиёти рақамӣ, яъне чӣ? Ин маънои онро дорад, ки ҳама чиз бояд бо рақамҳо дақиқ ифода карда шавад. Яъне, рушди технологияи ахборро бе фанни математика тасаввур наметавон кард.  
– Мегӯянд, ки ҳар чӣ собиқа дошта бошад, оянда дорад. Ба фикри Шумо, дар гузаштаҳои дуру наздик илмҳои дақиқ, аз ҷумла математика, дар кишвари мо то куҷо ривоҷ ёфтааст?
– Дар гузаштаҳои дуру наздик алломаҳои Шарқ бо илмҳои дақиқ, мисли математика (риёзиёт), геометрия (ҳандаса), химия (кимиё) ва биология (растанишиносӣ) иртиботи ногусастанӣ доштанд. Аллома Мӯсо ал-Хоразмӣ, асосгузори илми алгебра – муаллифи китоби «Ал-ҷабр ва муқобала»,  Ал-Фарғонӣ, Мирзо Улуғбек аз он ҷумлаанд.
Дар қарни ХХ зодаву парвардагони кашварамон В. Романовский, Қорӣ Ниёзӣ, Т. Саримсоқов, С. Сироҷиддинов ва М. Салоҳитдиновҳо бо тадқиқотҳои арзандаи худ дар ташаккулёбии математикаи муосир саҳм гузоштаанд. Имрӯз мактаби онҳоро академикон Ш. Аюпов, А. Аъзамов, Ш. Алимов, Ш. Фармонов ва Ҷ. Хоҷаевҳо идома медиҳанд. Пас, ҳалқаҳои занҷир ба ҳам пайвастанд.
– Донистани он, ки Институти математика дар кишвари мо кай созмон ёфтааст, барои хонанда мароқангез аст...
– Институти математика, ки номи асосгузори мактаби математикаи замонавии Тошканд В. Романовскийро дорад, дар кишварамон соли 1943 созмон дода шудааст. Дар ибтидо дар институт, ба ҷуз математика, доир ба механика, геофизикаи назарӣ, сейсмология, техникаи ҳисоббарор тадқиқотҳо сурат гирифтаанд.
Дар ҳоли ҳозир институт ба маркази мутобиқсозии тадқиқотҳо доир ба математика ва омодакунии кадрҳои баландмалака табдил ёфтаасст.
– Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба бо ҳампешагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҳама соҳаҳо ба рушду такомул мусоидат хоҳад кард. Доир ба ҳамкории институти математика бо марказҳои илмии хориҷӣ чӣ гуфтаниҳо доред?
– Тӯли солҳои сипаригардида институти мо бо марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории зиёд дошт. Дар ҳоли ҳозир институт бо Донишгоҳи Ню-Ҳоланди ИМА, Донишгоҳи Сантяго-де-Компастелои Испания, институти математикаи ба номи В. Стеклов ва институти физикаю техникаи Маскави Русия, институти математикаи Фарҳангистони улуми Белорус ва институти математикаи Фарҳангистони улуми Украина ҳамкориро дар асоси шартнома ба роҳ мондааст.
Соли равон дар шаҳри Сичуани ҶХХ конфронси байналхалқии математикони кишварҳои Хитою Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд. Дар он 17 нафар олимони пешбари ҷумҳурӣ баромад хоҳанд кард.
Ҳамчунин, имсол дар пойтахти кишварамон баргузории Анҷумани VII ҷамъияти математикони халқҳои туркигӯй дар назар аст, омодагӣ ба ин чорабинӣ идома дорад.
Соли сипаригардида 24 нафар ходимони илмии институт бино ба даъвати кишварҳои ИМА, ҶХХ, Англия, Фаронса, Белгия, Чехия, Финландия, Кореяи Ҷанубӣ ва Латвия сафари илмӣ анҷом доданд, 17 нафар олимони кишварҳои хориҷӣ ба институти мо барои  табодули таҷриба омаданд. Ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, бешубҳа, ба рушду такомул ва пешрафти соҳа хидмат мекунад.
Боиси хушнудист, ки соли сипаригардида олими ҷавони мо Шерзод Муродов дар Донишгоҳи Сантяго-де-Компастелои Испания диссертатсияи худро барои гирифтани дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа (PhD) бомуваффақият дифоъ кард.
– Ба фикри шумо, барои рушди соҳа бояд боз ба чиҳо рӯйи эътибор гардонд?
– Тӯли чанд соли қаблӣ дар мактабҳо сатҳи дониши хонандагон то ҷое поин фуромад. Омӯзгорони фанни математика низ ба такмили донишу малака ниёз доранд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки бояд хонандагонро ба фанни математика шавқманд намуд, зарурати дар ҳар ноҳия аз ҳисоби бачаҳои боиқтидор ташкил додани мактабҳои ба математика ихтисосонидашуда мувофиқи мақсад аст. Пешниҳод гардид, ки китобу дастурҳои дарсӣ бояд бо забони соддаю фаҳмо навишта шаванд, шуури математикии бачаро дар кӯдакистон ташаккул додан лозим. Фикр мекунам, ки ба амал татбиқ гардидани чорабиниҳое, ки доир ба рушди илмҳои дақиқ, аз ҷумла математика, ба миён гузошта шуд, ба пешрафти соҳа ва иқтисодиёти мамлакат хидмат мекунанд.
– Барои суҳбати пурмуҳтавоятон ташаккур.
– Саломат бошед.

Суҳбаторо 
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: