ДАСТОВАРДҲОИ НАВ БА ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Варзиш гарави саломатист.

Шахси солим бештар муваффақ мешавад.  Авлоди солим ояндасози ҷомеа буда, рушду равнақи кишварро таъмин мекунад. 
Дар Ӯзбекистон ба ривоҷу равнақи варзиш ва оммавӣ кардани он эътибори зиёд дода мешавад. Барои ин ҳама гуна шароиту имконот мавҷуданд. Дар шаҳрҳо, ҳатто деҳоти дурдаст маҷмӯаҳои варзишии замонавии бо ҳама гуна таҷҳизоти зарурӣ таъмин бунёд меёбанд.
Яке аз чунин мактабҳои намунавии варзишӣ дар маркази ноҳияи Кармана сохта шудааст. Дар он 1120 нафар мунтазам иштирок мекунанд.
Соли гузашта муассисаи мазкур дар портали ахбори «Буҷаи кушод» ғолиб омада, 500 миллион сӯмина мукофотро ба даст овард. Он бо ин маблағ пурра таҷдид карда, толорҳои варзишии гӯштини озод, юнону рум, дзюдо, бокс ва хонаҳои либоспӯшиву шустушӯӣ таъмир гардиданд. Ба замми ин Вазорати варзиш ва сиёсати ҷавонони ҷумҳурӣ ба мактаб 33 намуд ҷиҳози варзишӣ тақдим кард. Дар натиҷа барои гузаронидани машғулиятҳои босифату пурсамар шароит ва имконоти бештар пайдо гардид.
– 50 нафар ғолибони зинаи аввали мусобиқаҳои «Беш ташаббус олимпиадаси» ба мактаби варзишӣ қабул гардиданд, – мегӯяд директори мактаб Зокир Қиличов. – Ҷавонони 27-30 солаи «Жалойир» дар мусобиқаи ниҳоии ҷумҳуриявии «Беш ташаббус олимпиадаси» ширкат варзида, оид ба атлетикаи сабук мақоми сеюмро ишғол намуданд.  Мехоҳем дар оянда сафи варзишгарони боистеъдоди маҳаллаҳоро афзун намоем, – афзуд ӯ.
Варзишгарони мактаб дар чемпионат ва мусобиқаҳои ҷоми ҷумҳуриявӣ 9 медали тилло, 13 нуқра ва 34 медали биринҷиро ба даст овардаанд. Шогирдони мактаб дар мусобиқаҳои байналхалқӣ фаъол иштирок мекунанд. Дар чемпионат ва мусобиқаҳои ҷоми ҷаҳонӣ соҳиби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардидаанд. Дар 6 моҳи соли равон 68 нафар шогирдон талаботи номзадӣ ба устоди варзиш ва 2 нафар талаботи устоди варзишро иҷро намуданд. Ба гурӯҳи гимнастикаи бадеӣ устоди дараҷаи байналхалқии варзиш, барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё Дилдора Раҳматова сарварӣ мекунад. Ин варзишгари бомаҳорат ба гирифтани Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия сазовор гардидааст.
Кормандони мактаб нақшаҳои зиёд доранд. Мехоҳанд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, бо дастовардҳои нав ба нав дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳм бигиранд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: