Мақсади асосии ташкилоти ёрирасони мудофиаи Ӯзбекистон – «Ватанпарвар» кумак расондан ба мустаҳкамгардонии мудофиаи қувваҳои мусаллаҳ, ҳамчун шахси рушдёфта ба воя расондани шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳи ватандӯстӣ, омӯзондани касб ва баланд бардоштани ҳавасмандии онҳо ба варзиш мебошад.
Дар ин бобат дар клуби омӯзишӣ, техникӣ варзишии Чуст корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
— Яке аз самтҳои асосии фаъолияти созмон омода кардани мутахассисони касбҳои техникии оммавӣ, аз ҷумла, ронандаи воситаҳои нақлиёт, аз нав омодакунии кадрҳои болаёқат ва баланд бардоштани малакаи онҳо мебошад, — гуфт роҳбари клуб Тоҳирҷон Тошматов. – Дар давоми нӯҳ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 550 нафар ронандаи болаёқат омода карда шуд. Ҷараёни машғулотҳо зери назорати видеоӣ мебошад. Дарсҳои амалӣ дар нақлиёти замонавӣ сурат мегиранд.
Дар клуб маҳфилҳои биатлон, аслиҳапарронии ҳавоӣ, мотоспорт, картинг ва авиаракетомодел ва самтҳои дигари техникиву амалии варзиш ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 100 нафар ҷавонон шуғл меварзанд. Ба хусус, маҳфили авиаракетомоделҳо дастпарварони зиёд доранд.
16-23 сентябри соли ҷорӣ дар озмуни авиамоделчиёни байналхалқии “Байконур-22”, ки дар Қазоқистон баргузор шуд, ҷамоаи мо ҷойи якумро соҳиб гашт. Дар озмун аз 5 мамлакати ИДМ беш аз 200 нафар қувва озмуданд. Дар муваффақиятҳои ноилгардида варзишгарони ҷавон Наҷмиддин Зайлиддинов, Ҳаёт Қурбонов ва Самандар Соқиев саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар озмуни варзишии ракетамоделчиёне, ки барои Ҷоми Ӯзбекистон 12-15 октябри соли равон дар Бухоро баргузор шуд, варзишгарони мо ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд.
Ба ҷойи хулоса бояд гуфт, ки ҷамоаи клуби варзишии мо дар ҳамаи мусобиқаҳо фаъолнокиро аз даст намедиҳанд. Дар ин корҳо саҳми мураббӣ Мавлуда Мадалиева назаррас аст.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик” дар вилояти Намангон.