ҶОЯТ ҲАМЕША ХОЛИСТ, ИРОДА

Бори аввал дар яке аз мулоқотҳо бо донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона ин ҷавондухтари сӯхиро дида будам, ки донишу заковати баланд дошт.

Дар байтбарак низ хеле фаъол буд. Дарк кардам, ки Ирода Ғаниҷонова ояндаи хуб дорад ва ба ҳадафҳои наҷиби худ ноил хоҳад шуд.
Бори дигар Иродаро дар маросими таҷлили 60-солагии Масъуди Мирзо – шоир, журналист ва раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона дидам. Вай ҳамон рӯз ҳамроҳи ду писарчааш ба саҳна баромад ва баъди табрики соҳибҷашн таронаи марғуберо ба самъи иштирокчиён тақдим намуд. Садояш хеле хушу гуворо буд. Он бо мусиқа ҷӯр шӯда, дар фазои толор маҳин танин андохт ва табъи ҳозиринро болида сохт. Соҳиби чунин ҳунари воло будани Ирода дар радифи иштирокчиёни дигари маҳфил маро низ моту мабҳут карда буд. 
Сонӣ шунидам, ки чанд нафар баъди хатми муваффақонаи донишгоҳ бо квотаи давлатӣ шомили магистратураи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шудаанд ва дар байнашон Ирода низ ҳаст, ки машғули таҳсил ва пажӯҳиши илмӣ мебошад. Аз ин хабар низ сарфароз гаштам ва умедвориам афзуд, ки духтарони сӯхӣ оҳиста ба мақому манзалати хеш соҳиб мешаванд... Аммо... 
Аммо рӯзе хабари шуми ба ҷони худ қасд кардани Ирода маро сахт мутаҳаййир намуд. Бовар накардам! Охир, ин ҷавондухтари бебок, бофазлу донишро чӣ маҷбур карда, ки даст ба худкушӣ занад? Магар шавҳар, падару модар, хешу табор ва атрофиён пай набурданд, ки дар рӯҳияти вай табаддулоте мушоҳида мешавад, чизе дили вайро сахт фишор медиҳад, вайро аз чунин ҳаёту зиндагӣ дилсард мекунад?... 
...Эҳ, Ирода, Ирода! Магар иродаат сустӣ кард, ки ин дунёро осонакак тарк намудиву рафтӣ? Охир, бо ин рафтанат пеш аз ҳама писарчаҳои дӯстрӯякатро либоси бемодарӣ пӯшондӣ ва зиндагиро як умр  барояшон талх кардӣ!  Ту онҳоро чунон тарбия мекардӣ, ки мисли худат шахсони боилму бомаърифат шаванд ва забону фарҳанги худро дӯст доранд. Писарчаҳоят ин рисолатро аллакай аз кӯдакӣ бо сарбаландӣ ба ҷо меоварданд ва дар паҳлӯят бо ифтихор истода шеъру тарона мехонданд.  
Ҳамеша нозбардори писарчаҳоят будӣ. Акнун ҳардуро аз ин марҳамати худовандӣ маҳрум кардӣ. Кӣ дигар ба онҳо мисли ту ғамхорӣ хоҳад кард ва кӣ нози ҳардуро мисли ту – модари азизашон хоҳад бардошт?!
Ҳамаро ҳайратзада кардӣ. Чӣ тавр дилат шуд, ки орзуҳои ширини ин наврасони қалбҳояшон беғуборро ба армони якумрӣ табдил диҳӣ ва онҳоро дар нимароҳ гузориву биравӣ? Магар дилат аз санг ҳам сахт шуда буд, ки ҳатто фикр накардӣ, сарнавишти ояндаи ин ду писарчаи зебову хушзабону хушкалом чӣ хоҳад шуд?!
Хуб медонистӣ, ки баъди рафтанат дили онҳо бароят зуд-зуд танг мешавад, модари худро ёд мекунанд, аз ҳар хонаву ҳар манзил, ҳар маҳфилу ҳар анҷуман модарашонро меҷӯянд, аммо дигар ту пеши чашмонашон зуҳур намегардӣ ва онҳо ночору ноилоҷ мемонанду намедонанд, ки дарду доғи дилашонро ба кӣ кафонанд.
Падару модаратро ҳам фикр накардӣ. Нагуфтӣ, ки дили онҳо ба ҷавонмарг шудани ту тоб нахоҳад овард. Ҳар вақт дар чеҳраи писарчаҳои ту ғаму андӯҳи бемодариро бубинанд, сад бор мурда боз зинда мешаванд.
Дар донишгоҳ-чӣ? Он ҷо устодонат мунтазир буданд, ки ана, баъди муддати кӯтоҳе боз як нафар шогирдашон ба сафи онҳо хоҳад пайваст, ки ҷисму ҷонаш аз илму маърифату дониш саршор аст. Аммо афсӯс, ки ҷои ту барои ҳамеша холӣ мондааст ва минбаъд он маросиму маъракаҳои факултет бе ҳузури ту ҳаргиз шукӯҳи тоза пайдо нахоҳад кард.
Хабари марги ногаҳонии ту хаёлан боз маро ба назди донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии донишгоҳ бурд. Дар байнашон ду-се нафар дар шеърдонӣ ва қувваи ҳофиза аз дигарон фарқ мекарданд. Яке аз онҳо ту будӣ, ки ғайр аз шеърдонии худ, донишу заковати худро намоиш додӣ, аммо аз ғурур нишоне надидам. Донистам, ки ин курси гурӯҳи тоҷикии донишгоҳро маҳз ту барин донишҷӯёни масъулиятшинос шукӯҳ мебахшанд ва онро дар маҳфилу анҷуманҳо ба дигарон муаррифӣ мекунанд.
Вақте хабар ёфтам, ки барои идомаи таҳсил ба магистратура рафтаӣ, хурсанд шудам, ки гӯё духтари худам ба чунин муваффақият ноил шудааст! Ифтихорам боло гирифт, ки аз байни ҷавондухтарони сӯхӣ ғайр аз шоираҳову нависандаҳо дар ояндаи наздик олимаҳои бомаърифат низ мебароянд, мардум бо чунин духтарони бомаърифати худ меболанд. 
Аммо...
Ҳар омадан рафтан низ дорад ва рӯзе ҳамаи мо ба Ҳақ хоҳем пайваст. Аммо рафтане, ки ту интихоб кардӣ, рафтани одӣ набуд, ту қалбҳоро дар оташи худ сӯзондаву хокистар карда рафтӣ. Чунон ногаҳон рафтӣ, ки аз рафтанат ҳама ангушти ҳайрат газиданд.
Худо кунад, ки атрофиён ба писарчаҳои дӯстрӯякат меҳру муҳаббат ва саховату муруввати бештар нишон диҳанд ва ҳарду ҷавонмардони қавӣ, боақлу ҳуш, соҳибмаърифат ба камол расанд ва набудани туро бо сабру бурдборӣ паси сар кунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: