ЁДГОРИҲОИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ – КАФИЛИ ФАРҲАНГИ ШОИСТАИ МИЛЛӢ

Соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон – шаҳри қадимаи Саразм доир гардид.

Ин чорабинӣ имкон дод, ки маданияти беш аз 5500 солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшударо ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.
Дар солҳои соҳибистиқлоламон зиёда аз 90 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд. Корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» амалӣ гардида, мақсади асосии барнома ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии кишвар баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.
Дар Тоҷикистон мавзеъҳои табиии Искандаркӯл, Сарез, Гармчашма, Чилучорчашма, Сари Хосор, Ҳафткӯл ва ғайра ба маҷмӯи ёдгориҳои табиат дохил мешаванд. Роҷеъ ба ҳар яке аз ин ёдгориҳо ривоятҳо ҷой доранд, ки онҳо аҳамияти илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ доранд. Ин гуна мавзеъҳо макони сайёҳӣ буда, диққати сайёҳонро бештар ҷалб месозанд. Вобаста ба гӯшаҳои таърихии Тоҷикистон ҳам яке аз шарқшиносони рус чунин баҳо дод: – «Тоҷикистон – манбаи ёдгориҳои бостониест, ки назираш дар дигар манотиқ камтар ба назар мерасад!»
Ба яке аз ёдгориҳои нодири миллӣ – Аҷинатеппа назаре меафканем, ки он харобаи ёдгориҳои дини буддоии нимаи асри VII ва ибтидоӣ асри VIII милодӣ маҳсуб меёбад. Соли 1959 дар масофаи 3 км аз работи марказии совхози ба номи Кирови водии Вахши имрӯза кашф гардидааст. Дар бобати ин ёдгорӣ бори нахуст соли 1960 ҳафриёти аввалин гузаронида шудааст. Дар қисмати Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймал мунтазам тадқиқот ба роҳ монда мешавад ва то соли 1973 пурра тадқиқ мегардад. Ин мавзеи таърихӣ бинои росткунҷаест, ки вусъаташ 100Х50 м, буда аз ду қисми мутаносиби бо роҳрав пайваста иборат аст, ки шартан «дайр» ва «маъбад» номида шудаанд. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯйи тарҳи иморатсозии чорайвона бино ёфтааст. Бино аз похса ва хишти хом, тақкурсиаш хуб ва аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳо, рӯйи ҳавлӣ ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар ва биноҳо гунбазнок будаанд. Дар маркази нимаи «дайр» ҳавлии чоркунҷае ҳаст, ки дар атрофи он ҳуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор, биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи инро роҳрав байни худ пайвастааст. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб, онро шифту девор нақшу нигор ва муҷассамаҳои бисёр зиннат медоданд. Ҳангоми ҳафриёт пораҳои муҷассамаи калони баландиаш 4 м, ки дар маркази бино воқеъ буд, ёфт шудаанд. Поёни деворҳо, рӯйи суфаҳо ва пояи ҳайкалҳо бо нақшу нигор оро ёфтаанд. Дигар биноҳои дайр, ҳуҷраҳои роҳибон намуди одӣ доранд. Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи дувоздаҳметраи якпаҳлӯ хобидааст. Дар атрофи он муҷассамаҳои хурди буддоӣ ёфт шудаанд. Муҷассамаҳоро аз маводи аҷибе рангубор додаанд.
Яке аз воситаҳои ҳифозати осори гузаштаи ниёгон ин таъсиси мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Бо назардошти ҳифзу нигоҳдошт ва тарғиби таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд ва худшиносии миллӣ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги ниёгони хеш, тармиму эҳё намудани осори фарҳанги гузашта ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 100 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд. Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки агар барои эҳё ва инъикоси махсуси гӯшаҳои таърихиву ёдгориҳои нодири миллӣ ҳар моҳе як маротиба ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ дар ин хусус доир гардида, мутахассисони ҷавон ба он мавзеҳо равона гарданд, ҷиҳати пешрафту тараққиёт заминаи хубе мегардад.  
Яке аз ёдгориҳои бостониву таърихии дигар ин мавзеи Ҳоҷасартез ба шумор меравад. Он минтақа кӯҳи намакест, ки дар ноҳияи Восеи вилояти Кӯлоби пешин, дар ҳудуди 10-12 км ғарбтар аз шаҳри Кӯлоб ва 15 км шимолтар аз ноҳияи Восеъ дар соҳили рости дарёи Яхсу (Ёғсу) воқеъ аст. Яке аз калонтарин гунбазҳои намаки ҷаҳон мебошад. Андозаи гунбази он ба Э9ЭХ11 км баробар буда, баландиаш аз сатҳи баҳр 980 м. ва аз сатҳи водии дарёи Ихсу 400 метрро ташкил медиҳад. Ҷисми намаксанг замбӯруғмонанд аст, ки гунбази он дар рӯйи замин воқеъ гашта, пояаш дар асри замин то таҳнишастҳои давраи юраи боло кашол ёфтааст. Ғафсии намаксанг, ки ба воситаи пармачоҳҳо муайян карда шудааст, дар қисми марказии гунбаз ва пояи он ба 2000 м. ва дар канортари гунбаз аз 400 м. то ба 200 м. мерасад. Рӯйи намаксангро (дар гунбаз) қабати гаҷ (ғафсиаш 15—53 м.) ва қисман қабати ҷинсҳои хурде (0-65 м.) пӯшидаанд. Кӯҳи намак чуқуриҳои бисёре дорад. Дар доманаи нишебиҳои шарқӣ ва ҷанубӣ чашмаҳои шӯр мавҷуданд. Дар гузашта мардуми маҳаллӣ аз чашмаҳои шӯри назди деҳаи Кафтархона намак мегирифтаанд. Кони намаки Хоҷасартез захираи ниҳоят калоне дорад. Аз рӯйи таркиб, сохт, пайдоиш ва захирааш намаки ин мавзеъ ба кони намаки Хоҷамӯъмин хеле наздик аст. Кӯҳи намаки Хоҷасартез аз ҷиҳати бузургӣ, баландӣ ва сохти дохилӣ ёдгории геологӣ ҳисобида мешавад.
Бо ин ҳама боигариҳои ноби таърихӣ мо воқеан миллати хушбахту саодатмандем. Моро мебояд, ки ҷиҳати нигаҳдошти ёдгориҳои бостониву таърихӣ хунукназарӣ накарда, дар ҳифзу нигаҳдории онҳо саҳми муассир гузорем. 

Умедҷон АМОНӢ, 
муҳассили Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: