Дар рӯзномаи “Овози тоҷик” (№10, 5.02.2022) мақолаи “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад” эълон гардида буд.
Дар он бобати солҳои 90 дар майдони Регистон гузошта шудани ҳайкали асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ба тарзи асрорангез ғайб задану пас аз 13 сол пайдо шудани он сухан мерафт.
Баъдан маълумот пайдо кардем, ки масъалаи дар Самарқанд аз нав гузоштани пайкараи Рӯдакӣ ба миён омадааст.
Бо ҳамин муносибат мо ба раиси шуъбаи Самарқандии Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Нуриддин Калонов муроҷиат кардем, ки дар ин бобат дақиқтар донем.
– Ин масъалаи ҷиддӣ дар идораи мо низ баррасӣ гардид, – гуфт ӯ, – ҳайати президиуми Фарҳангистони бадеии рассомони Самарқанд дар маҷлиси худ қарор кард, ки ҳайкали наве сохта шавад. Ин кори пурмасъулият ба зиммаи ҳайкалтароши соҳибтаҷриба, дотсенти Донишкадаи сохтмону меъморӣ Туркман Эсанов ва Ҳамза Абдуев гузошта шуд ва шумо метавонед ба устохонаи онҳо рафта, бо ҷараёни кори эшон шинос гардед.
Мо, бо вуҷуди он ки якшанбе – рӯзи истироҳат буд, ба устохонаи Туркман Эсанов рафтем ва ӯро бо лоиҳакаш Ҳамза Абдиев саргарми офаридани чеҳраи Рӯдакии бузург пайдо кардем. Диққати моро ҳайкалчаҳои бешумори рӯйи рафчаҳо ва расмҳои гуногуни Рӯдакӣ дар болои мизи корӣ ҷалб карданд. Соҳибхона марди миёнақади серҳаракат, рамузфаҳм ва меҳмоннавозе будааст. Аз мақсади мо огоҳӣ ёфта, бо табассуми малеҳ ба гап даромад:
– Вақте вазифаи омода кардани ҳайкали Рӯдакиро ба ман супориданд, ба ҳаяҷон афтодам, – аз шабакаҳои иҷтимоӣ чанд расму пайкараи Рӯдакиро ёфтам, то ки чеҳра ва сару либоси хоси замони ӯро офарам. Мақоли “ҷомаи бамаслиҳат кӯтоҳ наояд”-ро ба инобат гирифта, бо ҳамкасбон, бостоншиносон суҳбат намудам.
Ёд дорам, ҳангоми дар синфи 7 ё 8-уми мактаби миёнаи рақами 6-уми деҳаи Ғазғони ноҳияи Нурато таҳсил гирифтан, назди бобоям Абдураҳим Турдиев рафта, аз он кас ҳунари сангтароширо меомӯхтам. Раҳматӣ дар ҷараёни кори худ ҳатман бо чанд нафар шахсони рӯзгордида ва соҳибтаҷриба машварат меорост, ки ман гувоҳ будам. Меҳри ҳайкалтарошӣ аз ҳамон айём дар дилам ҷой гирифтааст.
Ин санъатро солҳои таҳсил дар шаҳри Санкт-Петербург аз устодонам академик-мусаввирон Вадим Соколов, Вениамин Пинчук, Владимир Кристовский ва дигарон низ омӯхтаам. “Ҳеҷ шуғле бе машварат накӯ наояд” гуфта, алъон, ҳангоми дарс гузаштан ба шогирдон баробари ин ҳикматро ба онҳо талқин намудан, ҳатто аз онҳо ҳам маслиҳат мепурсам.
– Акои Туркман, муҷассама кай тайёр ва дар куҷо гузошта мешавад?
– Ғайричашмдошт, вале ҳақиқат аст, ки маҳз ҳамин саволро, се рӯз боз, яъне пас аз дар расонаҳои ахбор ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ гардидани хабари пайдо шудани муҷассамаи Рӯдакӣ масъулони вилоят ба ман медиҳанд. Ҷойи пинҳон кардан нест, масъалаи маблағ вуҷуд дошт, ки хушбахтона, ҳоло ҳалли худро ёфт. Ҳоло шабу рӯз бо ҳамин кор машғулам ва хаёл мекунам, дар арафаи иди Наврӯз тайёр мешаваду дар кӯчаи Рӯдакӣ (собиқ Титов) гузошта хоҳад шуд.
– Пайкара аз чӣ сохта мешавад?
– Устухонбандияш аз оҳану бетон, болояш гидроизолятсия ва ранг карда мешавад.
– Бетон чанд сол метавонад «умр» бинад?
– Сад сол.
– Баландии муҷассама чӣ қадар мешавад?
– Камтар аз чаҳор метр. Бояд таъкид намуд, ки кори хайру нек оғоз ёфт, аммо ман аз он дар ҳайратастам, ки дар Самарқанд як анъанаи номатлуб ҷорист. Ҳайкал мегузорем, вале баробари иваз шудани роҳбарон муҷассамаҳо низ ҷойи дигар “кӯч” мебанданд. Далели фикри ман муҷассамаҳои Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, корвони шутурҳост, ки аз 25 тонна чӯян сохта шуда дар рӯ ба рӯйи маҷмӯаи Регистон гузошта шуда буд. Замоне чунин ҳайкалро дар ноҳияи Самарқанд сохтам, вале он ҳам ҳозир куҷое ғайб задааст. Бинобар ҳамин бо меъморони шаҳру вилоят машварат кардан лозим, ки ҷойи ҳайкали Рӯдакӣ муқимӣ бошад, зеро он 3-4 тонна вазн хоҳад дошт, ки ҳангоми ночору ғайриихтиёр “кӯч бастан” хароб мегардад.
– Дар мавриде, ки пайкараи пештара вуҷуд дорад, магар ҳоҷат ба сохтани ҳайкали нав ҳаст? Оё намешавад, ки онро таъмир карда, устувор кунанд?
– Намедонам.
– Барои сохтани муҷассамаи Рӯдакӣ озмун эълон шудааст?
– На, ин корро ба мо ва Ҳамза Абдуев, ки эскиз-макети ҳайкалро сохтааст, супориданд.
***
Собиқ муҷассамаи Рӯ-дакӣ дар ҳавлии Осорхонаи давлатии Самарқанд дар ҳолати ногувор буда, ҷойи ҳақиқии худро «меҷӯяд».
– Ҳайкалро барқарор кардан мумкин, – мегӯяд академик-мусаввир Аслиддин Исоев, – вале барои ин маблағ лозим.
– Маблағ?!
– Мардуми ҳимматбаланд метавонад ин маблағро ҷамъ кунад. Танҳо ба ин мардум муроҷиат кардан лозим! – мегӯяд Исоев.
Ва ё агар дар Самарқанд ҳайкали аз ин беҳтари Рӯдакӣ бунёд гардад, пас пешинаашро ба Бухоро (агар бухориён хоста бошанд) метавон бурд ва баъди таъмир дар шафати мақбараи Исмоили Сомонӣ гузошт, ки мантиқан дуруст аст. Охир, айб аст, ки чунин асари санъат, муҷассамаи инсони бузург ҷойи муносиби худро надошта бошад!
А. ШАРОФИДДИНОВА,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.
З. ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.,