Ӯзбекистон таҷрибаи Туркияро дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирону бор меомӯзад

Ҳайати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот кард.

Аъзоёни ҳайат таҷрибаи Туркияро дар соҳаи иҷозатномадиҳӣ ба ҳамлу нақли мусофирон, додани иҷозат барои ҳамлу нақли байналмилалӣ, назорати рақамӣ, танзими фаъолияти таксиҳои хатӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ меомӯзанд.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: