Ширкат аз Аморати Муттаҳидаи Араб аз рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо дар Ӯзбекистон манфиатдор аст

Дар Кумитаи сайёҳӣ бо иштироки муассиси ширкати "AMEA POWER" аз Аморати Муттаҳидаи Араб Ҳусейн Ал-Новаис, намояндагони Агентии идоракунии дороиҳои давлатӣ ва Кумитаи сайёҳӣ музокирот баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот ба меҳмон имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифӣ карда шуда, дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бизнеси меҳмонхона, афзалиятҳо ва имтиёзҳо дар ин самт маълумоти муфассал дода шуд.

Ҳусейн Ал-Новаис ба ислоҳоти рушди сайёҳӣ дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода, ба рушди тиҷорати меҳмонхона дар кишвар ҳавасмандӣ изҳор намуд.

Дар бораи зудтар амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои муштарак ва баргузор  намудани гуфтушунидҳо оид ба сармоягузорӣ ба меҳмонхонаи «International Toshkent» тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: