БА ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – БО ҒАЛАБАҲОИ НАВ

Камина соли 2000 дар шаҳри Намангон таваллуд ёфтам.

Камина соли 2000 дар шаҳри Намангон таваллуд ёфтам. Азбаски аз синни бачагӣ ба варзиш, аз ҷумла, тирандозӣ шавқ пайдо карда будам, роҳи маҳфили тирандозӣ аз яроқи пневматикии шӯрои созмони «Ватанпарвар»-и вилояти Намангонро пеш гирифтам. Машғулиятҳо аз тарафи мураббии соҳибтаҷриба Муҳаббат Кондакова ба роҳ монда мешуд. Сол то сол баробари сайқал додани маҳоратам, дар мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ фаъол иштирок кардам ва аз шоҳсуфаи ғолибон ҷой гирифтам.
Комёбиҳои ноилгардидаамро ба ҳисоб гирифта, соли 2015 маро ба тими яккачини Ӯзбекистон аз рӯйи тирандозии яроқи пневматикӣ қабул карданд. Дар тими яккачини Ӯзбекистон, дар турнир ва мусобиқаҳои байналхалқӣ шарафи мамлакатамонро ҳимоя кардан бароям вазифаи пуршараф ва масъулиятнок буд. Ин аз ман тақозо менамуд, ки бештар дар болои худ кор карда, маҳоратамро сайқал диҳам.
Солҳои 2014-2018 дар турнир, мусобиқаҳо ва талошҳо барои ҷоми мамлакатамон, инчунин дар баҳсҳои ҷоми ҷавонони ҷаҳон ва турнирҳои байналхалқӣ бомуваффақият иштирок карда, 17 маротиба аз шоҳсуфаи ғолибон ҷой гирифтам.
Инчунин, соли 2019 дар чемпионати Осиё байни ҷавонон, ки дар пойтахти Қатар Доха ва шаҳри Зули Германия баргузор гардид, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидам. Моҳи апрели соли ҷорӣ турнири байналхалқие, ки дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар масофаи 10 метр баргузор шуд, комёб шудам. Пас аз ба анҷом расидани мусобиқа, хушбахтона, аз тарафи Федератсияи байналхалқии тирандозӣ мужда расид, ки аз рӯйхат онҳое, ки ба Олимпиадаи Токио мераванд, аз вилояти Намангон ман ҷой гирифтаам. Ин масъулияти маро дучанд кард.
Оре, барои варзишгароне, ки дар мусобиқаи тобистонаи Олимпиада ва паралимпия иштирок менамоянд, аз тарафи мамлакатамон ҳамаи шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Мо, варзишгарони ӯзбекистонӣ ба эътибор ва ғамхориҳои ҳукумат ҷавоби амалӣ мегардонем ва аз Токио ба Ӯзбекистони нав – бо ғалаба бармегардем.

Мухтасар ТОҲИРОВА,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: