Гандболбозони Ӯзбекистон роҳхати чемпионати ҷаҳонро ба даст оварданд

Мусобиқаи байниқитъавии IHF Trophy оид ба гандбол ба охир расид.

Боиси хушнудист, ки дастаи мунтахаби наврасони то 20-солаи Ӯзбекистон, ки дар он ширкат дошт, дар даври ниҳоӣ бар рақибони худ аз Бритониёи Кабир пирӯз шуд.

Ин натиҷа ба ҳамватанони мо имкон дод, ки дар баробари медали тилло роҳхат ба чемпионати ҷаҳонро ба даст оранд.

Инчунин дар сабқати медали биринҷӣ дастаи мунтахаби наврасони то 18- солаи ватанӣ рақибони Каледонияи Навро шикаст дод.

Финал, U20:

Ӯзбекистон — Бритониёи кабир 33:23

Барои медали биринҷӣ, U18:

Ӯзбекистон — Каледонияи Нав 24:18

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: