НАВРӮЗИ ГУЛШАНОБОД

Табиист, ки мардум баробари расидани баҳори нозанин Наврӯзи оламафрӯзро интизор мешаванд.

Наврӯз – оғози рӯзи нав, рамзи зебоӣ, сарсабзии табиат аст. Ҷашни шодмонӣ ва иди деринтизори, ба хусус мардуми Машриқзамин мебошад. Дар рӯзҳои мубораки баҳори хуҷастапай халқи сермиллати мо дар тамоми гӯшаву канор, овулу деҳот, маҳалла ва шаҳрҳои мамлакат иди пуршукӯҳи байналхалқӣ – Наврӯзи оламро бо  хушиву хурсандии самимона, бинобар урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҷашн мегиранд.

 


Бо ташаббуси Президент ва ҳукумати кишвар ба баргузории иди Наврӯз эътибори алоҳида дода мешавад. Ҳоло мувофиқи фармони роҳбари мамлакат «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани ҷашни умумихалқии Наврӯзи соли 2024» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.   
Бо фарорасии ин ҷашни фархунда мардум урфу одат, анъанаҳои қадимӣ ва нодири худро дубора ёд мекунанд. Асрҳост, ки ин ҷашни пуршукӯҳро пиру ҷавон бо омодагии махсус ва хурсандии беандоза истиқбол мегиранд. Барои муборакбодӣ ба хонаи якдигар мераванд, аз ҳоли пирону куҳансолон хабар мегиранд, дар рӯзи таҷлили Наврӯз ҳамдигарро табрик мегӯянд.
Баробари тантанаҳое, ки алҳол дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон баргузор мешаванд, Наврӯз дар маҳаллаи Гулшанободи ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт низ бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта шуд. Он барои гулшанободиён аз ҷашнҳои гузашта хотирмонтар буд. Зеро, сокинон ба ҷашни Наврӯз  ва 9-умин солгарди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаашон «Гулшанобод» таҳти шиори «Наврӯз – дунё бо ту равшан» тайёрии алоҳида дида, онро бо шодмонии беандоза қайд карданд. Он рӯз пиру ҷавон дар варзишгоҳи маҳалла ҷамъ омада, фарорасии ин иди мардумиро барои ҳамдигар шодбош гуфтанд. Наврӯзи имсола низ дар пояи урфу одатҳои миллӣ баргузор гардид ва ба аҳли маҳаллаву меҳмонони он писанд омад.
Агар дар як ҷониби наврӯзгоҳ пирону кӯҳансолон маҳорати гӯштингирии худро ба наврасону ҷавонони маҳалла намоиш дода бошанд, дар тарафи дигар ҷавонон ва духтарону бонувон маҳорати пухтупази таомҳои милливу баҳорӣ, маҳсули ҳунармандӣ ва дӯхтудӯзи худро намоиш доданд. Рақсу сурудҳои идона, ки аз ҷониби хонандагону гулдухтарони маҳалла иҷро гардиданд, кайфияти идонаи мизбонон ва меҳмонони чорабинии фарҳангиро дучанд кард. – Дар ин баромадҳои фарҳангӣ намояндагони миллатҳои гуногун ҳунари худро пешкаши ҳозирин карданд, –  мегӯяд раиси маҳалла Неъматулло Раҳматов. – Таомҳои миллӣ, аз қабили оши бадӯғ, самбӯса, суманак ва ғайра, ки аз ҷониби занони маҳалла омода шудаанд, ба меҳмонони тантанаи наврӯзӣ тақдим гардид. Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бино ба намудҳои гӯштии миллӣ ва камарбандӣ, ресмонкашӣ, дастхобонӣ барои иштирокдорони чорабинии варзишӣ завқи беандоза бахшид. 
Одатан дар ҷашни наврӯзии гулшанободиён  баҳри тановули меҳмонону мизбонон таоми миллӣ – оши палав гузошта мешавад. Қисми зиёди аҳолии маҳалла низ дар хонаҳои худ  ҳар гуна таом, нон ва анвои хӯрданӣ пухта ба наврӯзгоҳ меоранд, ки аз анъанаи меҳмоннавозии эшон дарак медиҳад.
Умуман, хурсандии аҳли маҳалла ҳадду канор надошт. Бо вуҷуди он, ки ин лаҳзаҳоро наметавон ба пуррагӣ тасвир кард, тантанаҳои наврӯзии гулшанободиён аз ҷониби ҳайати эҷодии шабакаи «Узрепорт» ва «Маданият ва маърифат»-и телевизиони ҷумҳурӣ ба навор бардошта шуданд. Ин эътибор, ки бо ташаббуси роҳбарияти ҷамоати шаҳрвандон ва мактабҳои маҳалла роҳандозӣ гардид, гулшанободиёнро хеле мамнун кард.
Воқеан, тӯли солҳои истиқлолият баргузории Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар ҷумҳурӣ ҳусну таровати махсус касб менамояд. Дар ин айём пирони рӯзгордидаи мо расму оинҳои ин мероси бебаҳои аҷдодиро ба авлоди оянда – пасовандони шоистаи кишвар маънидод мекунанд, ташреҳу тавзеҳ медиҳанд. Беҳуда нагуфтаанд, Наврӯз васлгари имрӯз бо фарҳанги ғаниву беназири дирӯз аст. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Шаҳри ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: