Ғолибони марҳилаи вилоятӣ

Дар Бухоро марҳилаи вилоятии мусобиқаи футбол барои ҷоми раиси ХБД ба охир расид.

Мусобиқаи ҳалкунандаи байни ҷавонони 16-30-сола бо мақсади рушди ин намуди спорт дар маҷмӯи варзишии «Бухоро» баргузор гардид. Дар қувваозмоии финалӣ футболбозони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қароқалпоқ»-и ноҳияи Пешкӯ бо ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҷангарон»-и ноҳияи Вобканд вохӯрданд.
Мусобиқа тезутунд гузашт ва дар вақти асосӣ (1:1) ғолиб муайян нагардид. Танҳо силсилаи тӯбзаниҳо ба дарвоза аз хатти 11 метр тақдири қувваозмоиро ҳал кард: «Қароқалпоқ» бо ҳисоби 6:5 ба ғолиби мусобиқа табдил ёфта, роҳхати марҳилаи ҷумҳуриявиро ба даст даровард.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

***
Дар баҳси финалии давраи вилоятии ин мусобиқа доир ба мини-футбол, ки дар варзишгоҳи шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд баргузор шуд, намояндагони ду ноҳияи вилоят, дастаи «Янги-ҳаёт»-и ноҳияи Бӯка ва дастаи «Қарахитой»-и ноҳияи Юқоричирчиқ барои ба даст овардани пирӯзӣ ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ талош варзиданд. 
Бозӣ бо ҳисоби якранг (1:1) ба охир расид. Дар задани пеналтӣ бӯкагиҳо маҳорати худро нишон дода, бо ҳисоби 6:5 ғалабаро ба даст оварданд.  
Дар талоши доир ба футбол бошад, дастаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навбаҳор»-и ноҳияи Юқоричирчиқ дар сабқати финалӣ бо ҷамоаи «Ӯзбекистон»-и ноҳияи Оҳангарон рӯ ба рӯ шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расида, дар задани пеналтӣ дастаи «Навбаҳор» дастболо шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
***
Ба наздикӣ дар шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканд бо ташаббуси Мактаби варзишии «Металлург» байни наврасони соли таваллудашон 2012-2013 бахшида ба хотира ва ёдбуди ходими фахрии Клуби варзишии «Металлург» В.И.Калугина 18-умин мусобиқаи байналхалқӣ доир ба футболи бачагон баргузор шуд. Дар баҳсҳо  наврасони  «Зарафшон»-и ҶШМ «Навобод»-и ноҳияи Бӯка рақибони худро мағлуб намуда, пирӯзиро ба даст оварданд. Шогирдони сармураббии даста Сардор Сангинов дар финал бо «ФСО» АГМК рӯ ба рӯ шуда, ғолиби мусобиқа шуданд. 

М. ҚОДИРЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: