Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои васеъро барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Кувайт қайд кард

  • Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои васеъро барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Кувайт қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев хайати вакилони Давлати Кувайтро бо сардории вазири корҳои хориҷӣ Абдулло ал-Яҳё қабул кард.

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел ҳайати вакилони Давлати Кувайтро бо сардории вазири корхои хориҷӣ Абдулло ал-Яҳё, ки дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Миёна ва давлатҳои араби Халиҷи Форс иштирок дошт, қабул кард.

Меҳмони олиқадр ба Сарвари Ӯзбекистон аз ҷониби Амири Кувайт Шайх Мишъал ас-Сабоҳ саломи самимӣ ва орзуҳои нек расонд.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Зарурати фаъолгардонии сафарҳои мутақобила, татбиқи барномаҳои табодули фарҳангӣ ва сайёҳӣ, пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфуз дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар доираи ҳамкории наздик бо Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодии араб ва роҳандозии шарикии судманд бо Агентии сармоягузории Кувайт таъкид гардид.

Аҳамияти баргузории машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва форуми соҳибкорон дар ояндаи наздик қайд карда шуд.

Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: