Президент Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тирмиз бо фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ-кластери «Indenim Textile» шинос гардид.
Корхонаи мазкур соли 2019 ба кор даромад, арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 10 миллион долларро ташкил дод. Ба шарофати технология ва таҷҳизоти пешқадами аз Олмон, Ҷопон, Туркия ва Чин харидшуда, иқтидори соле истеҳсол кардани 800 навъи 9 миллион адад сару либос фароҳам оварда шуд.
Як қисми маҳсулот ба содирот бароварда мешавад, қисми асосӣ бошад, дар мағозаҳои «Indenim»-и бозори дохилӣ ба фурӯш мераванд.
Роҳбари давлат бо ҷараёни кор ва маҳсулоти корхона шинос гардид.
– Дар мамлакати мо ашёи хом барои дӯзандагӣ кофист, сифати маҳсулот низ беҳтар мегардад. Вале мактаби ороиш ба дараҷаи зарурӣ инкишоф наёфтааст. ӯоло мӯд дар ҷаҳон зуд тағйир меёбад. Барои он ки корхонаҳои дӯзандагии мо рақобатбор бошанд, бояд мактаби дизайн инкишоф дода шавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вобаста ба ин барои беҳтар кардани сифати тайёркунии кадрҳо супоришҳо дода шуданд, мутахассисон барои зиёд кардани таҷриба бояд ба мактабҳои мамлакатҳои пешқадам, масалан, Италия фиристода шаванд. Ҳамчунин зарурияти омӯхтан ва пешгӯӣ кардани бозор, кумакрасонӣ ба соҳибкорон дар масъалаи мазкур таъкид гардид.
Дар корхона мономарказ амал мекунад, ки ба кормандон таълим медиҳад. Алҳол дар корхона 800 зан бо кор таъмин карда шудаанд.
Дар кластери «Indenim Textile» бобати парвариш ва коркарди пахта, истеҳсоли калоба, дӯхтан ва фурӯхтани сару либос кори мусалсал ба роҳ монда шудааст. Дар ин иқтидорҳо 9 ҳазор нафар кор мекунанд.
Ба роҳбари давлат дар бораи нақшаҳои минбаъдаи корхона маълумот дода шуд. Дар оянда зиёд кардани ҳаҷми калобаресӣ ва рангрезии матоъҳо, истеҳсоли сару либос пешбинӣ шудааст. Умуман барои ин мақсадҳо сармоягузории 55 миллион доллар пешбинӣ мегардад. Дар натиҷа боз 10 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сурхондарё анҷом ёфт, роҳбари давлат ба Тошканд баргашт.