СТРАТЕГИЯИ «ӮЗБЕКИСТОН – 2030» — ҲУҶҶАТИ ҲАЁТАН МУҲИМ

Имрӯз дар Ӯзбекистон, дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мо бозсозӣ, нашъунамо ва дигаргуниҳо ба назар мерасад.

Чунин воқеаҳои таърихӣ худ аз худ ба амал намеояд. Дар меҳвари ин ислоҳот азми Президент Шавкат Мирзиёев таҷассум ёфтааст. 

 

Ҳафт сол пеш Сарвари давлатамон бо машварат бо халқамон «Стратегияи ҳаракат»-ро қабул карда буд. Дар давраи гузашта дар тамоми соҳаҳо дар асоси ин стратегия дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Ин ҳуҷҷат барои рушди устувори иқтисодиёти мо замина гузошт. 
Танҳо як мисол. Вазъияти бозори асъор ҳафт сол аввал чӣ гуна буд? Бо азми Сарвари давлатамон бозори асъор озод гардид. Имконияти мубодилаи пули миллӣ – сӯм ба роҳ монда шуд. Туфайли ин қарорҳои таърихие, ки ҷиҳати ба роҳ мондани иқтисоди воқеии бозорӣ қабул шудаанд, суботи макроиқтисодӣ таъмин гардид.
Тарғиботи марбут ба татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ сабук карда шуданд. Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали фаъолияти президентиаш ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард. Натиҷаи ҳамин аст, ки ноҳия ва шаҳрҳои аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ ақибмонда рушд ёфта, шароити зиндагонии аҳолӣ беҳтар гардид. 
Мардум ислоҳоти дар доираи Стратегияи ҳаракат амалишударо дар ҳаёти худ эҳсос карданд. Одамон имконият пайдо карданд, ки бевосита бо идораҳои давлатӣ ва роҳбарон мулоқот кунанд. Тавассути ин рӯҳияи ҳамдиёронамон дигар, тафаккури онҳо нав шуда, мақсаду ормонҳояшон асосҳои воқеӣ пайдо кард. 
Пас аз чанд муддат Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 қабул гардид. Дар муддати кӯтоҳи гузашта, дар доираи ин санади барномавӣ, барои розӣ кардани мардум, таъмини некуаҳволии аҳолӣ ва орзуҳои мардуми мо корҳои назаррас анҷом дода шуданд. 
Стратегияҳои ҳаракат ва рушд дар кабинет нишаста эҷод нашудааст. Ҳар ду ҳуҷҷати барномавӣ аз рӯйи фикру мулоҳиза ва таклифҳои мардум тартиб дода шудаанд. Инак, дуруст аст, ки халқи мо эҷодкор ва ҳаммуаллифи ин ҳуҷҷатҳо гардид.
Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ки бо фармони Президент аз 11 сентябри соли равон тасдиқ шудааст, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар он таъмини бечуну чарои ҳуқуқу манфиатҳои инсон, самтҳои афзалиятноке, ки ҳадафҳои бунёдии ислоҳотро фаро гирифта, дар ояндаи наздик амалӣ мешаванд, мавқеи муҳим дорад. 
Дар муҳокимаи лоиҳаи ин санад, ки арзиши олии баланд бардоштани шаъну шарафи инсон ва инкишофи минбаъдаи ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ дониста мешавад, шумораи зиёди фаъолони Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, узви фраксияи Палатаи қонунгузорӣ, вакилони парлумони ҷавонон бо таклифу тавсеаҳои асосноки худ иштирок намуданд. Ва ин асоси ҳуҷҷати таърихии Стратегияи «Ӯзбекистон - 2030» ҳаммуаллифаш халқ мебошад, гардид. 

Дар ин ҳуҷҷати барномавӣ тамоюлҳои рушди кишварамон дар ояндаи наздик ва миёна муайян гардида, вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт нишон дода шудааст. Ин ҳуҷҷат барои фароҳам овардани заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, илмию маърифӣ барои ислоҳоте, ки дар ҳафт соли оянда дар кишвари мо амалӣ мешаванд, нигаронида шуда, бешубҳа халқҳои Ӯзбекистонро дар роҳи тараққиёти одилона муттаҳид менамояд.
Стратегия бо фарогирии 100 ҳадафи асосӣ дар 5 самти афзалиятнок қобили таваҷҷуҳ аст. Ин дар кишвар ба ҳадафҳои бузурги барои баланд бардоштани самаранокии ислоҳот, тавассути рушди устувори иқтисодӣ дар қатори кишварҳои дорои даромади миёна бештар ҷой гирифтан, бунёди давлати одилона ва замонавӣ хидмат хоҳад кард.
Таъмини иҷрои саривақтии вазифаҳои дар ҳуҷҷат муайянгардида, ба зиммаи Ҳизби либерал-демократӣ ва фраксияи он дар Палатаи қонунгузорӣ низ масъулияти бузург мегузорад. Зеро, агар ҳар як самти стратегияро таҳлил кунем, дидан мумкин аст, ки дар он мақсаду вазифаҳои азим, аз қабили тараннум намудани шаъну шарафи инсон, розигии мардум, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ба миён гузошта шудааст.
Агар мо самти дуюми стратегияро оиди таъмини некуаҳволии аҳолӣ тавассути рушди устувори иқтисодиёт таҳлил намоем, қобили таваҷҷуҳ аст, ки ба зинаи нав баровардани рушди иқтисодиёт, соҳибкорӣ, саноат, хоҷагии қишлоқ як қатор ташаббусҳо ба миён гузошта мешаванд.
Масалан, то соли 2030 ҳадафи асосӣ ду баробар афзоиш додани ҳаҷми иқтисодиёт ва ворид шудан ба қатори кишварҳое мебошад, ки даромадашон аз ҳисоби миёна боло аст. 
Аз ин рӯ, дар 7 соли оянда ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ба 160 миллиард доллар ва даромади ҳар сари аҳолӣ ба 4 ҳазор доллар расонида мешавад. 
Инчунин тадбирҳо, аз қабили боз ҳам баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории кишварамон ва рушди босуръати бозори қоғазҳои қимматнок, гузариш ба иқтисодиёти сабз, зиёд намудани истифодаи энергияи барқароршаванда, пайваста бо захираҳои зарурии энергия мунтазам таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ муайян карда шудааст.
Дар ҳуҷҷат инчунин, оиди қатъиян баланд бардоштани дараҷаи ҳосилнокии меҳнат ва даромаднокии хоҷагии қишлоқ як қатор вазифаҳо гузошта шудаанд. Дар оянда суръати коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз 25 фоиз зиёд мешавад.
Дар татбиқи Стратегия тамоми ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ низ ҷалб шудаанд.
Имрӯз на танҳо халқи мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф мекунад, ки Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» беҳтарин стратегияи бунёди Ӯзбекистони Нав аст. Мо боварӣ дорем, ки ин ҳуҷҷат ба маънои аслӣ як ҳуҷҷати барномавии ба амал баровардани ислоҳоти сиёсии ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар Ӯзбекистони Нав хоҳад шуд.
Бо ин ҳуҷҷат ҳалли масъалаҳои муҳимтарин, роҳу усулҳои ноил шудан ба онҳо дар роҳи таъмини рушди мамлакат ва некуаҳволии халқамон муайян карда шудаанд. Ҳизби мо ва фраксияи он дар Палатаи поён дар роҳи ин мақсади ягона бо қатъият ва руҳбаландӣ боз ҳам бештар меҳнат мекунанд.
Хулоса, Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ҳуҷҷатест, ки на танҳо рушди ҳафтсолаи ояндаи кишварамонро, инчунин Стратегияи рушди дарозмуддатро низ муайян мекунад. Татбиқи саривақтии ҳадафҳои дар он гузошташуда, омили муҳими рушди ҳамаҷониба ва босуръати давлат ва ҷомеа, озодсозии тамоми соҳаҳои ҳаёт мебошад.

Актам ҲАИТОВ,
муовини Спикери Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис, роҳбари фраксияи ӮзЛиДеП.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: