Дар Истанбул ҷамъомади сохторҳо оид ба рақобати кишварҳои аъзои Созмони далатҳои туркӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони вазоратҳои Туркия ва Ӯзбекистон, мақомоти рақобати Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Венгрия, Туркманистон ва Кипри Шимолии Ҷумҳурии Туркия иштирок карданд.
Мақсади чорабинӣ таъсиси Шӯрои рақобати назди Созмони давлатҳои туркӣ буд. Масъалаҳои омӯзиши вазифаҳо оид ба табодули иттилоот байни мақомоти рақобат, мубориза бо чолишҳои глобалӣ, рушди сиёсати рақобат ва ҳуқуқ, таҳкими ҳамгироӣ байни кишварҳо ва ҳамкории минтақавӣ дар ин платформа баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот тақдимотҳои гуногун намоиш дода, лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Бинобар ҷамъбасти ҷамъомад роҳбарони сохторҳои дахлдор ба ҳуҷҷат дар бораи таъсис додани Шӯрои рақобати назди Созмони давлатҳои туркӣ имзо карданд. Бар замми ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи Шӯрои рақобати назди Созмони кишварҳои туркӣ дар Шуша форуми рақобат баргузор шавад.
Г. САТТОРОВА,
мухбири ӮзА.