АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ!

Обуна-2021

Ҳамзабону ҳамватанони азизу гиромӣ! Муроҷиату илтимоси мо ба шумо ин аст: биёед ба вазъи зиндагӣ ва забони миллиамон, ки дар Ӯзбекистон дорем, назаре кунем.
Зиндагии мо, хушбахтона, дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол хубу осоишта аст. Яъне, ягон асос надорем, ки аз даврони худ шикваю шикоят кунем. Пештар менолидем, ки сарҳад бо ҳамсоягон баста асту имкониятҳоямон маҳдуд. Менолидем, ки рӯзномаву барномаҳои тоҷикӣ надорему марказҳои миллиамон низ кам. Бо ташаббуси Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳамаи ин норасоиву тазйиқҳо нуқта гузошта шуд. Акнун озод ҳастем, фарзандони мо метавонанд дар кишвари хостаашон таҳсил гиранд. Мо метавонем китобҳои тоҷикиро дар Ӯзбекистон чоп кунем. Соҳиби мактабу маориф ҳастем, рӯзномаву дигар воситаҳои ахбор, марказҳои миллӣ дорем.
Ҷои гила он аст, ки мо ношукрӣ мекунем, дари бахту саодатро ба рӯи худ баста истодаем. Дар тӯю сур ва ҷашнҳо даста-даста пулро масраф мекунем, чӣ мешавад, ки рӯзномаҳои тоҷикиро, ки дар Ӯзбекистон чоп мешаванд – “Овози тоҷик”, “Ховар”, “Овози Самарқанд” дастгирӣ кунем. 
Дар ёд бояд дошта бошем, ки гузаштагонамон аз мардуми оддӣ то зиёиёну бузургони китобдӯсту посдорандагони забони худ будаанд. Имрӯз мо, мутаассифона, нисбати онҳо бефарқ шудаем. Ҳатто рӯзномае, ки дар саргаҳи он Устод Садриддин Айнӣ меистод, имрӯз ҳолати ночор дорад, дар вартаи ҳалокат аст.
Мушоҳида мекунему ин саволҳо моро ранҷ медиҳад. Чаро дар Русия, Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон рӯзномаҳои моро мутолиа мекунанду мо не. Чаро аҳли илму адаби хориҷӣ (немису инглис ва дигар халқҳои ҷаҳон) ба адабиёти форсу тоҷик ин қадар меҳри беандоза доранду мо нописандона муносибат дорем.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нафареро ба обуна таклиф кунед зуд роҳи гурезро пеш мегирад ва ҳар хел сабабу баҳонаҳоро пеш мегузорад.
Ҳастанд чанд нафар фидоиёне, ки сари ин масъалаҳо ҷидду ҷаҳд мекунанд. Агар ҳар яки мо ба сафи ин гуна маърифатпарварон ҳамроҳ шавем, давлат ҳам аз мо розӣ мешаваду дари муваффақиятҳо ба рӯямон кушода.
Умед мекунем, ки имсол сафи муштариёни рӯзномаҳои тоҷикие, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон чоп мешаванд, хосатан “Овози тоҷик”, ки ягона рӯзномаи ҳукуматии мост, ба маротиб зиёд хоҳад шуд. Вагарна, баъдан худамон дар азоби виҷдон мемонему таърих ҳам моро нахоҳад бахшид.

Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ
устоди кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи ДД Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: