Президенти Ўзбекистон дурнамои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро якҷоя бо ширкати Oppenheimer мавриди муҳокима қарор дод

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ню-Йорк бо директори идоракунандаи ширкати пешбари сармоягузории Oppenheimer Ҷон Тонелли мулоқот анҷом дод.

Дурнамои татбиқи лоиҳаҳо дар кишвари мо бо ҷалби сармояи ин бонки бузурги сармоягузорӣ бо дороиҳои 36 миллиард доллар баррасӣ шуд.

Ҷон Тонелли тавофуқоти ҷиҳати ҷалби сармояи хусусӣ ба лоиҳаҳои бузурги бунёд ва таҷдиди иқтидорҳои саноатӣ дар кишвар ҳосилшударо бо қаноатмандӣ қайд намуд.

Дар марҳилаи аввал сухан дар бораи маблағгузории лоиҳаҳои рушди кластерҳои нассоҷӣ, корхонаҳои саноати масолеҳи сохтмонӣ ва рушди инфрасохтори шаҳри Тошканд меравад.

Илова бар ин, равона кардани сармоягузориҳо барои дастгирии соҳибкории хурду миёна пешбинӣ мешавад.

Президенти кишварамон ин нақшаҳоро тасдиқ намуда, ба масъулин дастур дод, ки ҳарчи зудтар ба корҳои амалӣ шурӯъ кунанд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: