«ҚАДРДОНИИ ИЛМ – САЪЙ БАРОИ ИЛМ»

Дар мактаби миёнаи рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунобод, ки ҷараёни таълим бо ду забон – ӯзбекӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад, 535 нафар хонанда таҳсил мегиранд.

Мактаб бо ҷиҳозҳои замонавии таълим муҷаҳҳаз гардидааст. Аз гурӯҳи тоҷикӣ 13 нафар соли хонишро бо баҳоҳои аъло хатм менамоянд.
Бино ба тавсияи Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ дар бораи баргузор намудани «Занги охирин» ва ҷамъбасти соли хониши 2022-2023 дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ 25 майи соли ҷорӣ таҳти шиори «Қадрдонии илм – саъй барои илм» чорабиниҳои занги охир барпо мегарданд.
Чорабиниҳо бо иштироки хонандагони мактаб аз синфи 1 то 11 дар ҳавлии мактаб, боғ ё майдони кушоди сояву салқин мегузарад. Дар чорабиниҳо омӯзгорони собиқадор, фаъолони маҳалла, падару модарон, роҳбарияти мактаб, шогирдони собиқи мактаб, соҳибкорон иштирок хоҳанд кард. 
Барномаи гузарондани чорабинӣ бо роҳбарии сарвари таълимгоҳ, ҷонишини директор доир ба корҳои маънавият ва маърифат, омӯзгорон ва роҳбалади ҷавонон ба нақша гирифта мешавад. 
Хонандагони аълохон ва фаъол бо ифтихорномаҳо ва китобҳо рағбатнок гардонида мешаванд. Омӯзгорони собиқадор, роҳбари мактаб, падару модарон ба хатмкунандагон роҳи сафеди мустақилона талабида, барои ба донишкадаву донишгоҳҳо дохил шудан дуои нек мекунанд.
Хатмкунандагон ба устодони худ, ки дасти онҳоро рост карда, илму дониш омӯхтаанд, ташаккури худро изҳор менамоянд.  
– Албатта, рӯзҳои охирини хатми мактаб ҳаяҷонбахш аст. Ҳар яки мо айёми мактабхонӣ, устодон, ҳамсинфонро дар лавҳи хотир нигоҳ медорем. Шоир фармудааст: 
Фаромӯш макун ҳаққи устоди илм,
Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.
Ба хатмкунандагони мактабҳо роҳи сафед талабида, дар интихоби касб, дар ҳаёти ояндаашон комёбиҳои тоза орзумандем,– мегӯяд муаллимаи мактаб Ҳамида Йӯлдошева.

Зулайхо БУРҲОНОВА, 
омӯзгори мактаби миёнаи 
рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: