Гӯшаи назм

Нормурод КАРИМЗОДА

ТАЗМИНИ МИСРАИ ФУРӮҒИ ФАРРУХЗОД

«Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид»1.
Мешавад хомӯш як шамъи сухан.
Мурғи дил ҳаргиз намехонад дигар,
Дар қатори дӯстон дар анҷуман.

«Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид»,
Ҷо диҳандам дар миёни хуфтагон.
Мешавам дамсоз бо аҳли қубур,
Дар сухан дигар бимонам ҷовидон.

«Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид»,
Дар талоши сӯзу сози зиндагӣ.
Бигзарам аз имтиҳони пурсупос,
То намонад ҳеч қарзи бандагӣ.

«Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид»,
Монда аз худ ёди некӯ меравам.
Гарчи бисёр афту хезе доштам,
Як ҷаҳони ишқ бо худ мебарам.

1.Мисраъ аз Фурӯғи Фаррухзод.


САМАРҚАНД

Эй дӯст, биё, баҳри тамошои 
Самарқанд,
Лаззат бибар аз манзари зебои 
Самарқанд.

Гаҳвораи фарҳангу сарахбори 
тамаддун,
Ошӯби ҷаҳон шаҳри дилорои 
Самарқанд.

Ҳар кӯча пур аз файзу сафохез ҳама 
кунҷ,
Фахри ҳамагон санъати волои 
Самарқанд.

Пирони сухан рӯйида з-ин шаҳри 
биҳиштӣ,
Мардони хирад карда таманнои 
Самарқанд.

Ҳар мадрасаи он ба масал махзани 
дониш,
Дунёи ҳунар сайқали дунёи Самарқанд.

Ҳар рӯз бигӯ шеъри диловез 
ба васфаш,
Эй шоири дилдодаву шайдои 
Самарқанд.

Файзулло НАРЗУЛЛОЕВ.

ОШИҚӢ ИНТИХОБИ ДИЛ 

Субҳдами баҳор шуд, чаҳчаҳаи ҳазор ку?
Мавсими айш мерасад, ҳамдили 
ғамгусор ку?
Субҳи умед медамад, сабр зи даст
 меравад,
Фасли нумӯи гул расад, сабзаи 
навбаҳор ку?
Ғуссаву ғам кифоя шуд, 
вақти алам ниҳоя шуд,
То ки ба доди дил расад, 
муниси ғамбарор ку?
Ҳаҷр шикаст медиҳад, теғ ба даст 
медиҳад,
Ҷон ба лаб омад ин замон, 
ҷилваи ҳусни ёр ку?
Ҳарфи суоли қалбро кай шунаванд 
дӯстон,
Мон, ба рухаш назар кунам, 
манзили он нигор ку?
Гуфт, ки сидқ аз ошиқист, 
ошиқӣ интихоби дил,
Гар набувад ба ин тариқ? 
Ишқ ку, иқтидор ку? 

Далершоҳ НЕЪМАТОВ.

 

 


Маҳбуба НЕЪМАТЗОДА

САЛОМ

Ҳар субҳи содиқ аз хоб
Хезам бо ҳусни одоб
Дасту рӯямро шӯям,
Шона занам ба мӯям,
Пас даст монда дар бар
Гӯям: «Салом, модар».
«Бобо, салом!» гӯям
«Додо, салом!» гӯям.
Пас шоду чоқу хандон,
Мактаб равам шитобон.
Гӯям саломи ҷӯшон
Бар хурду бар бузургон.
Донӣ, «Салом, Раъно,
Дорад ба худ чӣ маъно?»
Яъне: «Бошӣ саломат
Ба ҳар кори ту омад!»

КИТОБИ 
ХОНИШ

Чор ҳарфаке якҷо шуд
Як сухани зебо шуд.
Дар китоби нав сухан
Монанди ғунча во шуд.
Бо шеъру бо ҳикоя
Дар дилу дида ҷо шуд.
Баски расмаш буд рангин
Чун боғи дилкушо шуд.
Моро кашад ба сӯяш
Гӯё оҳанрабо шуд.
Дигар ку вақти бозӣ?
Бозӣ зи каф раҳо шуд.
Дар синфи якуми мо
Медонӣ, ки чиҳо шуд?
Баъди хатми «Алифбо»,
«Хониш» китоби мо шуд.


ҶОН ФИДОЯТ БОД

Барги гул рашк аз пари парвона кард,
Гирди гул печиду дил девона кард.

Баҳра гирад аз шароби ноби васл,
Он, ки дурди ишқ дар паймона кард.

Ҳар куҷо ошиқ, чу гул омад ба ноз,
Ҳамчу булбул дил дар он ҷо лона кард.

Ишқ маъво чун ба дил пайдо намуд,
Пас дили вайронаро кошона кард.

«Ҷон фидоят бод» гӯяд Орифӣ,
Бар касе к-ӯ ёди он ҷонона кард.
          
Самар ОРИФӢ.


ШОМИ ТИРАМОҲ...

Ба ёдат ҳаст шоми тирамоҳе,
Ки ҳарду сайр мекардем дар боғ?
Дили мо ҳам зи тафти оташи ишқ,
Даруни синаҳо буд ончунон  доғ.

Ба ёдат ҳаст оё андар он шом,
Хазонҳо дар замин пажмурда буданд,
Ҷудо аз ёри худ гардида гӯё,
Ба зери пойи мо озурда буданд

Ту мегуфтӣ, ки ишқи мо на фонист,
Ба мисли баргҳои ин дарахтон.
Намегардем мо тобеи тақдир,
Ба ҳам бошем рӯзи барфу борон.

Само он шаб басо истора мерехт,
Намеомад чу мо бар дидааш хоб.
Намегунҷид аз шодӣ ба сина,
Ҳамон шаб чун дили ман қалби моҳтоб.

Кунун аз он хиёбон меравам боз,
Ҳама бебарг бинмояд дарахтон.
Ҳаво сард аст ҳамчун пайкари ман,
Ту гӯйӣ омада фасли зимистон.

Нигаҳ бар осмон кардам ман имшаб,
Само олуда буду тира метофт,
Бидидам к-андар ин шаб чун дили ман,
Маҳ он ҷо нима буду хира метофт.

Зи ман рафтиву кардӣ бевафоӣ,
Шикастӣ он ҳама қавлу қарорат.
Вале гӯям Худо ёри ту бодо,
Набошад ҳеч кам авҷу барорат.

Зикруллои ЗУБАЙДУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: