СЕРИАЛИ ТАЪРИХӢ БА ЭКРАН МЕБАРОЯД

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ҳангоми сафари худ ба Туркия бо эҷодкорони филми «Мендирман Ҷалолиддин» вохӯрд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ҳангоми сафари худ ба Туркия бо эҷодкорони филми «Мендирман Ҷалолиддин» вохӯрд.

Сериали таърихии «Мендирман Ҷалолиддин»-ро имрӯз на танҳо халқи ӯзбек, балки тамоми халқҳои туркӣ бесаброна интизоранд. Дар айни замон раванди васл кардани наворҳои филм ба итмом мерасанд. Вазири фарҳанг бо эҷодкорони филм сӯҳбат карда,  ҷараёнро аз назар гузаронд.
Барои наворгирии филми мазкур дар 50 гектар павилён сохта шуда, барои ширкат варзидан дар филм беш аз ҳазор эҷодкор ҷалб карда шудааст. Имрӯзҳо актёрҳое, ки нақшҳои асосиро моҳирона иҷро мекунанд, дар аспсаворӣ ва шамшербозӣ аз омодагии махсус гузаштанд. Ҳамзамон забони туркиро омӯхта, донишҳояшонро оид ба таърихамон ғанӣ гардонданд.
Дар болои образҳои қаҳрамонҳои асосии филм — Султон Ҷалолиддин Мангубердӣ, Султон Аловуддин, Темурмалик, Турконхотун, Чингизхон ва фарзандони ӯ мукаммал кор бурда шуд. Ба ҳар як актёр либосҳои ба рӯҳияи ҳамон замон мувофиқ дӯхта шуданд.
— Ман амиқ эҳсос мекунам, ки ба як лоиҳаи бузурги миқёси ҷаҳонӣ шурӯъ кардам, — гуфт Меҳмет Бӯздағ. — Ба навор гирифтани ин филм осон нест. Омодагӣ ва маҳорати зиёдро талаб мекунад. Ман таърихи Ҷалолиддинро хуб медонистам. Аммо танҳо дониши ман кофӣ набуда, аз ин таърих хабар доштани ҷамоа, муаллифи сенария, ороишгари костюм, тасвиргар, коргардонҳо муҳим буд. Барои ҳамин қабл аз наворгирӣ тамоми эҷодкоронро ба амиқ омӯхтани  таърихи Мангубердӣ даъват намудам. Аксар вақт аз ман мепурсанд, ки шумо ба маҳорати актёрони ӯзбек чӣ хел баҳо медиҳед. Ҳаминро  гуфта метавонам, ки онҳо ҳоло омодаанд дар филмҳои ҷаҳон низ нақш бозанд. Шахсан ман мехоҳам ҳунармандони ӯзбекро ба филмҳои навбатии худ ҷалб намоям, зеро сериали навбатии мо дар бораи Мирзо Улуғбек хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки сериали «Мендирман Ҷалолиддин», ки бо фармоиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба навор гирифта мешавад, аз ҷониби бонки тиҷоратии «Orient Finans Bank» тибқи созишномаи ҶММ «Best organiser»-и  Ӯзбекистон ва ширкати кинои «Bozdag film»-и Туркия ҳомигӣ карда мешавад. Ба наворгирии сериал 7 миллион доллар маблағ масраф мешавад.
Интизор меравад, ки раҳбари ширкати «Bozdag film» Меҳмет Бӯздағ дар нимаи дувуми моҳи октябр аз Ӯзбекистон боздид намояд. Моҳи январи соли 2021 ба экрани калон баровардани сериали «Мендирман Ҷалолиддин» ба нақша гирифта шудааст .
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: