«САЙРИ ХАРБУЗА»

  • «САЙРИ ХАРБУЗА»
  • «САЙРИ ХАРБУЗА»

Ба муносибати 32-солагии соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар Маркази мадании «Бухорои кӯҳна ва боқӣ» чун анъана «Сайри хурбуза» баргузор гардид.

Маълум аст, ки ин тадбир дар вилоят аз соли 1996 ин тараф ба амал меояд. 

Дар тадбири имсола, ки таҳти унвони «Саховати замини табарруки Бухоро» созмон ёфт, аз 11 ноҳия, 10 кластер, 2910 хоҷагии фермерӣ, 3500 нафар соҳибони қитъаҳои назди ҳавлӣ қариб бо 2 ҳазор тонна харбузаи навъҳои «Кӯкча», «Амирӣ», «Наботӣ», «Баргинай» ва ғайра иштирок карданд. Ба ғайр аз ин дар ин ҷо ба савдои тарбузу меваи гуногун, маҳсулоти гуногуни асал низ эътибори ҷудогона зоҳир гардид. 
Рӯзи охирини тадбир маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорон сурат гирифт. Байни ноҳияҳо ҷойи аввал ба ноҳияҳои Когон ва Ғиждувон, ҷойи дуюм ба ноҳияҳои Рометану Қарокӯл, ҷойи сеюм ба ноҳияҳои Шофиркону Вобканд насиб кард. 
Байни хоҷагиҳои фермерӣ ҷои аввал ба роҳбари хоҷагии фермерии «Маданият Муҳаммад Исмат»-и ноҳияи Бухоро Муҳаммадҷон Аҳмедов ва роҳбари хоҷагии фермерии «Абдураҳмонобод»-и ноҳияи Пешкӯ Абдухалил Раҳимов муносиб омад. Онҳо бо мототсикли сечархаи боркашон тақдир ёфтанд.
Ҷойи дуюм ба роҳбари хоҷагии фермерии «Зойир Аббос»-и ноҳияи Когон Камол Турдиев ва роҳбари хоҷагии фермерии «Нодирбек боғи»-и ноҳияи Ғиждувон Нодир Фармонов дониста шуд. Онҳо низ бо мототсикли боркашон тақдир шуданд.
Ҷойи сеюмро ба роҳбари хоҷагии фермерии «Йӯлдошбобо Файз»-и ноҳияи Рометан Неъмат Ҳакимов, роҳбари хоҷагии фермерии «Элмурод Дӯстмурод Шаҳриёр»-и ноҳияи Ҷондор Дӯстмурод Боймуродов ва роҳбари хоҷагии фермерии «И. Иброҳимов»-и ноҳияи Олот Шамсиддин Иброҳимов муносиб диданд. Онҳоро бо телевизорҳои замонавӣ тақдирониданд. Ба ғайр аз ин як қатор хоҷагиҳои фермерие, ки ба тадбир фаъолияти намунавӣ зоҳир карданд, рағбатманд гардонда шуданд.

Амруллор АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: